Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садирқуловро кӣ кушт?


Ҳамин тасодум ҷони Садирқуловро рабудааст
Ҳамин тасодум ҷони Садирқуловро рабудааст

Дар Қирғизистон таҳқиқи тасодуми мошин дар канори Бишкек, ки дар он Мадат Садирқулов, яке аз раҳбарони пасипардагии сиёсати Қирғизистон ҳалок шудааст, идома дорад. Вале мухолифин мегӯянд, бо куштори Садирқулов ҳукумат мехоҳад ба онҳо ҳушдор диҳад.

То кунун ҳамин чиз возеҳ аст, ки бархӯрди мошин дар канори пойтахти Қирғизистон саҳнаи сиёсии ин кишварро хеле тафсон кардааст. Ҳукумат мунтазири натиҷаи таҳқиқи ба истилоҳ ДНК-и се ҷасад дар Қазоқистон аст. Бар асари тасодум мошин оташ гирифтааст ва ташхиси ҷасадҳо ғайриимкон шудааст, вале ҳамсари Садирқулов изҳор намуд, ки дар байни боқимондаҳои мошин занҷиреро дидааст, ки шавҳараш дар гардан дошт. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Молдомӯсо Конгантиев ахиран гуфт, табиби дандони Садирқулов бар пояи таҳқиқи дандонҳои яке аз ҷасадҳо тасдиқ намуд, ки он Садирқулов будааст.

Раҳбарони мухолифини қирғиз таҳқиқи мустақилонаи ин ҳодисаро тақозо намуда, ҳукуматро ба куштори сиёсатмадори бонуфуз муттаҳам мекунанд. Ахиран, Садирқулов мансаби давлатиро канор гузошта буд ва тибқи баъзе овозаҳо ният дошт, ки ба сафи мухолифин ҳамроҳ шавад.

Ҳукумати Қирғизистон доштани нақш дар марги Садирқуловро рад мекунад. Президенти ин кишвар Қурмонбек Боқиев бо талаби худдорӣ аз айбгузориҳои беасос ваъда додааст, ки таҳқиқи қазияро зери назорати шахсиаш қарор медиҳад.

Садирқуловро кардинали пасипардагии сиёсати Қирғизистон меномиданд, вале дар моҳи январ Садирқулов, ки доимо дар музокироти ҳукумат ва мухолифин миёнарав будааст, аз курсии раҳбари дастгоҳи президент Боқиев истеъфо дод. Раҳбарони ҳизби «Отамакон» иддао доранд, ки Садирқулов мехост ба мухолифин пайвандад ва ӯ имкон дошт, ки барои ташкили эътирозҳои зиддиҳукуматӣ сармоя ҷамъ кунад.

Садирқулов шахсан ҳеҷ гоҳ идораи раёсатҷумҳуриро танқид накардааст ва замони эълони истеъфояш ӯ гуфта буд: "Ин қарори шахсии ман аст. Кори душвор аст. Дувуним сол дар ин мансаб замони хеле тӯлонист. Ибтидо муовин ва сипас раиси дастгоҳи президент будам. Акнун вазъ тағйир ёфт, вазифаҳои нав дар пеш истодаанд ва афроди нав бояд ин вазифаҳоро иҷро кунанд."

Дар ҳамин ҳол, Элимра Иброҳимова, ки моҳи январ ҳамзамон бо Садирқулов аз вазифаи муовини сарвазири Қирғизистон истеъфо дода, ба сафи мухолифин пайвастааст, мегӯяд, Садирқуловро ибтидо дар ҷое кушта, сипас ҷасадашро ба макони тасодум овардаанд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Иброҳимова гуфт, ки Садирқулов бо таҳдид мувоҷеҳ буд ва ба қавли хонум Иброҳимова, худи Садирқулов як ҳафта пеш ба ӯ гуфта будааст, ки доимо афроде дар назди хонааш ӯро мепоянд ва мехоҳанд ба қатл расонанд.

Ҳамин тариқ, дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ, ки замоне ҷазираи демократия унвон гирифта буд, ташаннуҷ рӯ ба афзоиш ниҳода, мухолифини ҳукумат ва рӯзноманигорони мустақил таҳти фишор қарор гирифтаанд. Ахиран, собиқ вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Аликбек Ҷекшенқуловро ба куштори соҳибкори турк муттаҳам карданд, вале ӯ айбномаро қабул надорад. Раҳбари дигари ҳизби «Отамакон» Омурбек Текебоевро ба нигаҳдошти ғайришаръии силоҳ дар ҷамъомади бидуни иҷоза муттаҳам мекунанд.

Дар тӯли моҳи равон чанд ҳодисаи ҳамла болои рӯзноманигорон низ ба қайд гирифта шуда буд.
XS
SM
MD
LG