Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди нав бо рӯзноманигорон?


Рӯзноманигорони тоҷик барои таҷлил аз иди касбии худ «Рӯзи 11 март» омодагӣ мегиранд. Ин сана ба ифтихори нашри «Бухорои шариф», нахустин рӯзномаи хусусии тоҷикӣ, ки 97 сол қабл дар Аморати Бухоро нашр шуда буд, ҳамчун иди касбии аҳли матбуот дар Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Зимнан, ин омодагиҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки коршиносон аз оғози як раванди тозаи бархӯрди ҳукумат бо матбуот сӯҳбат мекунанд. Коршиносон интишори фармони ахири раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вокуниши ҳатмии афроди масъул ба матолиби интиқодии расонаҳоро намунаи рӯшани ин бархӯрди тоза арзёбӣ мекунанд. Аз сӯи дигар, мегӯянд ин коршиносон, ба фарқ аз се-чаҳор соли қабл, ки ҳукумат бо роҳу василаҳои мухталиф аз идомаи фаъолияти нашрияҳои гурӯҳиву мустақили ба истилоҳ саркаш ва нофармон аз ҷумла «Рӯзи Нав», «Нерӯи сухан» ва «Оламу Одам» ҷилавгирӣ кард, баръакс талош дорад бо нашрияҳои мустақил иртибот ва наздикӣ дошта бошад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, тағйири шеваи муносибати ҳукумат бо матбуоти мустақил аз як сол ба ин сӯ идома дорад. Зеро ҳукумат бар ин натиҷа расидааст, ки дар ташаккул ва таҳаввули афкори ҷомеа нақш ва таъсири нашрияҳои ғайридавлатӣ бештар аст. Ҳамин аст, ки бархе аз доираҳои молиявию тиҷоратии наздик ба ҳукумат ва ё таҳти ҳимояти ҳукумат талош доранд, бо ҷалби ноширон, муассисон ва сардабирон ва ё ба вуҷуд овардани шароити ширкати онҳо дар сафари ҳайатҳои давлатӣ ба хориҷа қаробати онҳоро бо ҳукумат таъмин кунанд.

Ин нуктаро рӯзноманигор Раҷаби Мирзо низ таъйид мекунад. Оқои Мирзо мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, аксари нашрияҳои мустақил дар кишвар то он ки рисолати касбии худро иҷро кунанд, бештар манофеъи тиҷоратиро дар ҷойи аввал гузоштаанд. Ва далели дар саҳафоти расонаҳои гурӯҳӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор нагирифтани мавзӯъҳои доғ ва матолиби ҷиддии сиёсиву иҷтимоӣ низ ҳамин аст.

Аммо Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналисти Тоҷикистон ва сардабири нашрияи «Фараж» ба ин иддаоҳо розӣ нест. Оқои Атовулло мегӯяд, даъват ва ширкати хабарнигорон аз нашрияҳои мустақил дар сафарҳои хориҷа ва бархе аз нишастҳо маънои харида шудани рӯзноманигоронро надорад. Ба эътиқоди оқои Атовулло, чунин бархӯрди тоза ба он маъност, ки матбуоти мустақил соҳиби ҷойгоҳ ва манзалати шоиста дар ҷомеа шудааст, ки ҳукуматро водор мекунад, бо он ҳисоб кунад.

Мӯсо Асозода, раиси ҳизби ҳокими ХДТ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, таваҷҷӯҳи ҳукумати Тоҷикистон, ва аз ҷумла президент Раҳмон ба матбуот ва нашрияҳои мустақил ҳанӯз аз оғоз мусбат ва ҷиддӣ буд. Ва имрӯз ки ҳукумат иқдомҳои тозаеро ҷиҳати ҳамкорӣ бо матбуоти мустақил рӯи даст гирифтааст, ҷое барои тааҷҷуб нест ва он идомаи мантиқии ҳамон таваҷҷӯҳ ва ҳамон сиёсати пешина аст.

Зимнан, иштироки рӯзноманигорон дар сафарҳои хориҷӣ бо раҳбарони кишварҳои мухталифи олам як таҷрибаи маъмулист. Масалан, бо Дмитрий Медведев, Барак Обама ва ё дигар раисони ҷумҳурӣ даҳҳо рӯзноманигор ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, вале пули раҳкиро ва будубоши ин рӯзноманигорон на аз ҳисоби андозсупорон, яъне мардум, балки аз ҳисоби ҳамон расонаҳо пардохт мешавад, то рӯзноманигорон истиқлоли худро ҳифз намуда, ба маддоҳ табдил наёбанд.

Дар ҳамин ҳол, Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон» низ тасдиқ мекунад, ки ҳукумат ба хотири истифода аз расонаҳои гурӯҳӣ як роҳу шеваи тозаи муносибат бо онро пеш гирифтааст. Оқои Сӯфӣ доира ва гурӯҳҳои машғули ин тарзи бархӯрд ва ё тарроҳони ин барномаро гурӯҳҳои фишор унвон кард. Вай гуфт, ҳадафи ниҳоии барномаи тозаи муносибат эҷоди як тавофуқ ва созиши нонавишта миёни нашрияҳои мустақил ва онҳоест, ки аслан намехоҳанд фаъолияти онҳо дар матбуот мунъакис шавад. Зеро бозтоби кору зиндагии онҳо дар нашрияҳо, ҳатто агар мусбат ҳам бошад, ҳассосиятҳое дар ҷомеа ба вуҷуд меоварад.

Аммо бархе дигар аз коршиносон мӯътақиданд, ки шароити ногувори иқтисодӣ ҳоло бархе аз ноширон ва муассисону сардабиронро водор кардааст, ки худ ба суроғи як чунин гурӯҳҳо ва доираҳои соҳиби сармоя бираванд. Ба ин далел, мегӯянд ин коршиносон, ҳукумат агар бихоҳад, ки нашрияҳои мустақил зери идора ва назорати гурӯҳҳои молиявию тиҷоратӣ ва гоҳо сиёсии машкук наравад, аз буҷаи кишвар, ки хазинаи мардум аст, сармоягузорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG