Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии аҳзоби сиёсӣ аз ҳамла ба сомонаҳо


Аҳзоби сиёсии Қазоқистон дар робита ба ҳамлаҳо ба сомонаҳои интернетии расонаҳои хабарӣ унвонии додситони кулли ин кишвар номаи расмие ирсол карданд.

Дар нома, ки онро сарварони Ҳизби демократии «Азад», Ҳизби сосиал-демократии Қазоқистон, муовини раиси Ҳизби «Адилет», раиси Ҳизби демократии «Ақжол» ва сарвари Ҳизби коммунисти кишвар имзо карданд, аз он изҳори нигаронӣ карда шудааст, ки вақтҳои ахир сомонаҳои маъруфи кишвар мавриди ҳамлаи кибертеррористони номаълум қарор мегиранд.

Аз ҷумла сомонаҳои «Русские в Казахстане», рӯзномаи «Республика», рӯзномаи интернетии «Зона.кз», сомонаҳои ҷамъиятиву сиёсии «Диалог.кз» ва Cандуқи байнулмилалии дифоъ аз озодии баён – «Адил соз» ба асари чунин ҳамлаҳо аз кор монданд ва ё масдуд гардиданд. Дар натиҷа ҳазорон нафар истифодабарандагони ин сомонаҳо чанд рӯз ба ин тараф аз дастрасӣ ба иттилоъ аз тариқи ин сомонаҳо маҳрум гардиданд.

Чунин амалҳои хакерҳои номаълумро лидерони аҳзоби сиёсӣ амали ҷиноӣ хилофи қонун арзёбӣ карданд ва аз додситони кулл дархост намуданд, ки бо мақсади таъмини иҷрои қонун ва ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон масъалаи ҷилавгирӣ аз терроризми иттилоотӣ ва ба маҷозот кашидани гунаҳкоронро ҳаллу фасл намояд.

Ба гуфтаи аҳли назар, ин бори нахуст нест, ки дар Қазоқистон сомонаҳои интернетӣ аз ҷониби хакерҳои номаълум мавриди ҳамла қарор мегиранд ва аз фаъолият мемонанд. Қаблан сомонаҳои «Адил соз», бахши қазоқии родиои Озодӣ, «Зона.кз» ва «Куб.инфо» низ дучори чунин ҳамлаҳо гардида буданд. Вале сарварони сомонаҳо ва мутахассисони марбут ба шабакаи интернетӣ намедонанд, ки чунин ҳамлаҳо аз ҷониби кӣ созмон дода мешавад.

Юрий Мизинов, сардабири нашрияи интернетии «Зона.кз» мегӯяд, онҳо чунин имконро надоранд ва дар ин робита фарзияеро низ рад намекунанд ва ҳам фарзияе баён карда наметавонанд, ки ин кори кист. Вале Оразбек Асхат, раиси идораи давлатии Маркази мусоидати фаннии Бунгоҳи иртиботот ва мухобироти Ҷумҳурии Қазоқистон, бар ин аст, ки албатта, ҳуҷуми хакерҳо кори ягон ҷавони ҳаваскор нест. Зеро барои ба фаъолияти сомонаҳо халал ворид кардан имконоти хуби фаннӣ ва маблағи ҳангуфт зарур аст.

Аз сӯи дигар оқои Оразбек таъкид мекунад, ки чун ин ҷиноёт марбут ба кибернетика аст, бояд ниҳодҳои интизомӣ барои пайдо кардан ва ба маҷозот кашидани чунин ҷинояткорон иқдом намоянд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, дар назди ниҳодҳои интизомии кишварҳои хориҷӣ шабеҳи вазорати дохилаи Қазоқистон, аз ҷумла дар Интерпол ниҳоди вижае маҳз ба мубориза алайҳи ҷинояткорони кибернетикӣ ихтисос дода шудааст. Аз ин хотир ҳамсӯҳбатони мо таъкид мекунанд, ки талаби панҷ ҳизби сиёсиро агар додситонии кулл ба инобат гирифта, ин мавзӯъро мавриди бозрасӣ қарор диҳад, имкон дорад киберҷинояткоронро дақиқ карда, ононро ба маҷозот бикашанд.

Вале то имрӯз ниҳодҳои интизомии Қазоқистон чунин корро анҷом надодаанд ва то ба ҳол аз ҷониби онон касе ё ниҳоде муҷрим дониста нашудааст.
XS
SM
MD
LG