Дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон вазъи фарҳанг ва ҳунари миллӣ аз назари бархе коршиносон ба тарзи начандон яксон ва баробар пешрафт кардааст. Аз сӯе агар ҳукумат ба пуштибонии бараълои ҳунарҳои мардумӣ, фаъолияти гурӯҳу дастаҳои мардумиву музофотӣ таваҷҷӯҳи бештар карда бошад, аз тарафи дигар, то ҷое мақоми театрҳои касбии Тоҷикистонро ба мавқеи дуюм бурдааст. Аксари театрҳо бо иллати камбуди маблағу набуди сармоягузорӣ бо масъалаи дур шудани тамошобин аз театр рӯбарӯ шуд. Яке аз ин муассисаҳое, ки замоне ифтихори фарҳанги Тоҷикистон маҳсуб мешуд, театри операву балети ба номи С. Айнии пойтахт мебошад. Ин театр солҳо аз набуди оркестр ва ҳунармандони касбӣ шикоят мекард. Аммо солҳои охир як навъ таҳаввулро мешавад дар кори ҳунарии ин муассисаи замоне бонуфузи Тоҷикистон мушоҳида кард: бо тарки кишвар кардани бархе ҳунармандон, аммо баъзе аз онҳо аз дур истода ба пешрафти театри худ кӯмак мекунанд. Яке аз онҳо Адҳам Холиқов, ҳунарманди маъруф аст, ки инак чандин сол аст дар Милани Итолиё ба сар мебарад.
Вай замоне дар донишгоҳи ҳунарҳои зебои Душанбе таҳсил карда, аммо дипломи касбиро дар Маскав, баъди хатми консерватория ба даст овардааст. Қабл аз сафар ба Итолиё ӯ дар саҳнаҳои операи Душанбе ва Театри Калони шаҳри Маскав ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, ки солҳо орзу дошт дар Итолиё мактаби омӯзиши системаи "бел канто"-ро омӯзад. Ба забони сода, ин навъи овозхонии операвие гуфта мешавад, ки бо садои маҳин ва зебо суруда мешавад. Аз беҳтарин хонандаҳои ин навъи овозхонии операвӣ дар шӯравии собиқ марҳум Муслим Магомаев дониста мешавад.
Ва инак, ҳоло чандин сол мешавад, ки ӯ дар Милан маскан гирифта, на фақат ба ҳунарнамоиҳои инфиродӣ машғул аст, балки муваффақ ба таъсиси як Академияи хусусии операхонӣ бо исми Bel Canto International (Бел канто интернасионал) ҳам шудааст.
Ҳафтаи гузашта хабари кӯтоҳе ба дасти мо расид, ки ахиран барои як муддати кӯтоҳ бо нишонаҳои дарди қалб дар беморхонаи Милан операхони маъруфи тоҷик Адҳам Холиқов бистарӣ шудааст. Радиои Озодӣ дафъатан бо худи ҳунарманди маъруф телефонӣ тамос гирифта, аз ҳолу аҳволи ӯ пурсон шуд.
- Устод, аз саломатиатон бипурсем...
- Хуб ҳастам, саломатиам нағз, ягон чизи ҷиддӣ ҳам набудаасту... Як воҳима шуд-да. Каме тарсидаму... Хуб, худро, чун каме бад ҳис менамудам, ба ҳар ҳол, ба духтур нишон додам. Ҳар рӯз спектаклу ҳунарнамоӣ ва бадеҳист, ки каме монда шудам. Ҳамаи ин барои асаб хеле мушкил, худатон медонед... Ҳаматарафа ташхис карданд. Ба ғайр аз хастагии умумӣ чизе рӯ назад. Баъд (механдад) рӯи мизи ҷарроҳӣ пизишк гуфт, ки, ҳамааш хуб аст, ҷароҳӣ кардан лозим нест, ҳеч мояи нигаронӣ ҳам набудааст, акнун ҳам барои хурсандии шумо ва ҳам барои хушнудии мо як суруд бихонед. Хайр, ман ҳам суруди дӯстдоштаи итолёвиҳо “O, Sola mio!» («Офтоби ман!»)-ро хондам...
- Лутфан, агар душворатон набошад, онро барои мо бихонед...
- Марҳамат... (мехонад)
- Ҳоло Шумо дубора ба кор баргаштед ё ҷараёни дубораи муъолиҷаро паси сар кунед?
- Хайр, баъзе доруҳоро доданд, контрол карда меистанд. Гуфтанд, ки баъди ягон 3 ҳафта омада, худатонро як нишон диҳед.
- Феълан Шумо дар куҷо фаъолият карда истодаед?
- Дар шаҳри Милан ожонсии мусиқӣ дорам. Ин ожонсӣ бароиман консерту спектаклҳоро доир мекунад. Ғайр аз ин ман дар ин шаҳр академияи мусиқии худамро кушодаам бо номи "Bel Canto International". Дар он ҷавонони лаёқатманд аз Итолиё ва тамоми ҷаҳон меоянд, мехонанд...
- Яъне Шумо дар қалби ба истилоҳ Кишвари опера аз Тоҷикистони дур омада, аз фанни опера дарс мегӯед...
- Бале.
- Ин чи тавр қабул мешавад?
- Хеле хуб қабул мешавад. Опера санъати классикии байналхалқӣ аст: онро ҳам дар Итолиё мехонанд, ҳам дар Амрико мехонанд, ҳатто дар Япония мехонанд (бисёре аз овозхонҳои ин кишвари дури шарқӣ ба инҷо омада, дарс мегиранд). Шогирдони ман инчунин аз Фаронса, Куба, Корея... мебошанд. Мақсади олии ман нишон додани он аст, ки тоҷикон чи қадар маданияти баланд доранд ва мо ба кадом дараҷаҳои санъати байнулмилалӣ баромадаем... Миллати мо бузург асту ояндаи бузург ҳам дорад...
- Дар миёни шогирдонатон оё операхонҳои тоҷик ҳам ҳастанд?
- Нахустин шогирди тоҷики ман Рустам Дулоев буд. Ӯ аввал дар консерваторияи Тошканд таҳсил кардааст, ва, чун ба Душанбе баргашт, бо маслиҳатҳои касбии ман таҳсилашро дар Итолиё идома дод ва гоҳ-гоҳ дар назди ман малакаашро сайқал медод. Ва ин кор 3-5 сол давом намуд... Ахиран Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бояд овозхони ҷавон Алиевро мефиристод, вале, чун зиндагӣ дар Итолиё гаронқимат аст, ҳатто хобгоҳи донишҷӯён нест дар инҷо, пули зиёд лозим аст барои зиндагӣ дар ин кишвар... ва аз ҳамин сабаб ӯро нафиристоданд. Лекин вақти ахиран дар Душанбе буданам бо хоҳиши масъулони ин вазорат ва маслиҳат бо онҳо ман, инак, як дирижёри хуберо аз Итолиё барои кор ба ватанам фиристодам. Баъд ба ман барои ин телефонӣ изҳори ташаккур намуданд.
- Ҳоло чанд шогирд доред дар ин академияатон?
- 20 нафар. Албатта, хоҳишмандон зиёданд, вале ман аз ин бештар ман шогирд нагирифтам – қувва намерасад барои кори босамар.
- Шумо, бубахшед, дар ҳоли ҳозир дар Итолиё ҳамроҳи кӣ зиндагӣ мекунед?
- Шумо медонед, ҳамсари ман раҳматӣ Дилбар Валаъматзода, пианинонавоз ва арғунуннавози хуб буданд, феълан дар қайди ҳаёт нестанд. Акнун ман дар ин кишвар ҳамроҳи ду писарам ба сар мебарам. Як хонуми зебои итолиёӣ дӯсти наздики ман аст, вале баъди Дилбар ман намехоҳам, ки дигар хонадор шавам, ин кор бароям хеле душвор аст. Фарзандонам, шукр, калон шудаанд, яктоаш кор мекунад ва дигараш мехонад...
- Хуб, фикр мекунам, ки рӯҳи Шумо бозгӯкунандаи он аст, ки феълан саломат ҳастед, ҳолатон ҳам хуб асту ба он орзуҳоятон, ки дер боз дар дил мепарваридед, расидаед. Ва ин ҳолат, албатта, ба Шумо аз ҳар ҷиҳат кумак хоҳад кард... Мо орзу дорем, ки Шумо дар ҳар куҷое, ки набошед, сиҳҳату саломат бошед ва муваффақу сарбаланд. Дар кори устодиатон ва овозхониатон ба Шумо муваффақият мехоҳем. Дуогӯи Шумо ҳастем ҳамеша...
- Ташаккур.