Ин арӯсак аз омехтаи шишаву коғаз сохта шуда, Мэдоффро дар нимтанаи сурхи шайтонӣ ва сешоха дар даст тасвир мекунад. Аммо вижагии асосии лӯхтаки нав ин аст, ки он барои дидан замон задаву шикастан тавлид шудааст.
Лӯхтак, ки 100% чеҳраи Мэддофро такрор мекунад, "Куштӣ маро, Бернӣ!" ном дорад ва ҳамроҳи болғае фурӯхта мешавад, ки харидорметавонад, бо ин болға ба сари Мэдофф бизанад ва онро дарҳам бишкаста, дуди дилашро барорад.
Тарроҳи ин арӯсак, Грем Уорринг мегӯяд, аввал танҳо як нусха аз он барои дӯсташ сохта буд, ки сармояашро Мэдофф ба боди фано додааст ва мақсадаш ин буд, ки дӯсти нокомаш бо дарҳам шикастани ин суроб дардашро сабуктар кунад. Уорринг таъсири ин дарҳамшиканиро аёнан дид ва тасмим гирифт, тавлиди санъатии лӯхтакро ба роҳ монад.
Ҳазорон нафар аз ҳуққабозии молиявии Мэдофф зарар дидаанд. Аксари онҳо афроди саршинос ва сарватманде буданд, ки бо сармоягузорӣ ба пирамидаи молии Мэдофф ва ба умеди ин ки вай пули онҳоро бештар хоҳад кард, миллионҳо доллари худро аз даст доданд. Шикасти онҳо ба андозае риққатовар буд, ки 5 000 ҳуқуқшинос аз кишварҳои гуногун барои дифоъ аз ҳаққи онҳо як иттиҳоди вакилонро таъсис доданд. Аммо Мэдофф акнун мегӯяд, варшикаста шудааст ва пуле надорад, ба ҷабрдидагон баргардонад.
Дар чунин фазо бо алам ба сари лӯхтаки Мэдофф болға задану онро рез-рез кардан дар ҳоли ҳозир ягона тасалло шумурда шудааст.
Аз лаҳзаи пайдо шуданаш дар бозори бозичаҳо Бернӣ, ки 99 доллар нарх дорад, мавриди таваҷҷӯҳи садҳо нафар қарор гирифт ва дар аввалин лаҳзаҳо ду бинандаи намоишгоҳ онро дарҳам кӯбиданд.
Фрэнк Питсая, намояндаи як фурӯшгоҳи бозича дар Ню Йорк мегӯяд, ба ӯ хеле писанд аст, ки Бернӣ бо болғааш фурӯхта шавад. "Дар ин давраи мушкил хуб, аст, ки шаҳрвандон ба ҳамин роҳ аз нигаронӣ раҳо шаванд," гуфтааст Питсая.
Дар ҳамин ҳол Додгоҳи Порис ба фурӯши лӯхтаке иҷоза дод, ки нусха аз президенти Фаронса, Николас Саркозист. Аммо шарт гузошт, он барчаспе дошта бошад, ки манзур аз лӯхтак раисиҷумҳури Фаронса нест.
Ду моҳ пеш ширкати "K&B" китоби таълими сеҳргариро ба нашр расонда, ҳамроҳи он лӯхтаки шабеҳ ба Саркозӣ ва 12 сӯзанро ба фурӯш баровард. Президенти Фаронса ин ширкатро бо иттиҳоми истифодаи ғайриқонунӣ аз зоҳири ӯ ба додгоҳ кашид. Аммо додгоҳ аз ширкат ҳимоят кард.
Ду ҳафта пеш ак ширкати амрикоӣ, ки арӯсак тавлид мекунад, дар мавриди тайғири номи ду лӯхтаки ҳамном бо духтарҳои раисиҷумҳур Барак Обама тасмим гирифт.
Ин арӯсакҳо қаблан Малияи Олиҷаноб ва Сашаи ширинак ном доштанд ва акнун онҳо бо номҳои Марияи Олиҷаноб ва Сиднии Ширинак фурӯхта мешаванд.
Ба гуфтаи намояндаи ширкат, Мишел Обама, хонуми аввали Амрико бо номи духтарҳояш гузоштани лӯхтакҳоро як амри ноҷоя хонда буд. Тарроҳон мегӯянд, ин арӯсакҳо ба ҷуз ном дигар бастагие ба духтарони Обама надоранд.
Даромад аз фурӯши лухтакҳои Малияи Олиҷаноб ва Сашаи ширинак барои хайрия сарф хоҳад шуд.
Лӯхтак, ки 100% чеҳраи Мэддофро такрор мекунад, "Куштӣ маро, Бернӣ!" ном дорад ва ҳамроҳи болғае фурӯхта мешавад, ки харидор
...хуб аст, ки шаҳрвандон ба ҳамин роҳ аз нигаронии худ раҳоӣ ёбанд...