Протокол ё ёддошти тафоҳум дар мавриди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон ва ҳамтои ӯзбакистониаш Рустам Азимов имзо карданд.
Ин санад беш аз ҳама ба масъалаҳои обу энержӣ тахассус ёфт. Гуфта мешавад, Ӯзбакистон ба интиқоли барқи Туркманистон ба воситаи қаламраваш ба Тоҷикистон ризоият додааст.
Тибқи иттилои ширкати "Тоҷиктрансгаз", дар мавриди интиқоли газ ба Панҷакент ва насби як ҳисобкунаки газии дигар дар марзиТоҷикистону Ӯзбакистон тавофуқ ҳосил шудааст. Ҳамчунин ҷонибҳо рӯйи як реҷа ё графики баргардони қарзи гази Тоҷикистон, ки 16 млн доллар аст, ба тавофуқ расидаанд. Дар масоили обу энержӣ ҷонибҳо муваффақ шудаанд, ки то 31 моҳи майи соли равон обанбори Қайроқум то ҳадди ниҳоӣ пур шавад, яъне ҷониби Ӯзбакистон барои пур кардани обанбор мухолифат нахоҳад дошт ва наҳваҳои иҷроиши ин тавофуқ низ мувофиқа шудааст.
Ҷузъиёти санади дувум дар бораи аломатгузории марз, ки низ аз ҷониби ноиби аввали сарвазири Узбакистон Рустам Азимов ва раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ба имзо расид, эълон нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, вақте Кумиссиюни байниҳукуматӣ ба кор шурӯъ мекард, интизор мерафт масъалаҳои ҷиддитаре баррасӣ шаванд. Аз ҷумла додугирифти барқ миёни ду кишвар, ки гуфта мешуд, 400 ба 600, яъне зимистон Тоҷикистон 400 миллионн киловатт дар соат барқ гирифта, тобистон 600 миллион киловатт дар соат ба Ӯзбакистон медиҳад. Ва ҳам масъалаи сарбанди обанбори "Фарҳод", ки ба аломатгузории марз рабт дорад ва Ӯзбакистон мегӯяд, он дар қаламрави Узбакистон воқеъ буда, Тошканд мехоҳад онро соҳиб шавад. Дар ниҳоят масъалаи аз ҳама муҳим мавқеи Ӯзбакистон дар масъалаи нерӯгоҳи Роғун бояд баррасӣ мешуд, ки нашуд.
Ба назар мерасид, ҳайатҳо дар фазои печида ва мушкил кор мекарданд ва борҳо аз толори музокираашон берун омада, дубора бармегаштанд. Медидем, ки чӣ гуна онҳо тӯда-тӯда мусоҳиса мекарданд. Ҳолати зоҳирии эшон нишон медод, ки музокирот бо душворӣ пеш меравад. Кори ҳайатҳо, ки соати 10-и субҳ шурӯъ шуд ва мебоист соати 4-и баъд аз зӯҳр ба анҷом мерасид, тақрибан соати 7:30-и бегоҳ анҷом ёфт.
Аммо дар сӯҳбатҳои бидуни микрофон бархе аз масъулин гуфтанд, ки худи имзо шудани ду санади ҳусни тафоҳум ин кушоиши кор аст, яъне акнун мақомоти зидахли кишвар рӯи ҷузъиёти масъалаҳо кор хоҳанд кард.
Ин санад беш аз ҳама ба масъалаҳои обу энержӣ тахассус ёфт. Гуфта мешавад, Ӯзбакистон ба интиқоли барқи Туркманистон ба воситаи қаламраваш ба Тоҷикистон ризоият додааст.
Тибқи иттилои ширкати "Тоҷиктрансгаз", дар мавриди интиқоли газ ба Панҷакент ва насби як ҳисобкунаки газии дигар дар марзи
Гуфтушунид бо мушкилиҳо ва на ба таври дилхоҳ пеш мерафт...