Вай мегӯяд, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар рӯдхонаҳои Омӯ ва Сир ҳақ доранд, аммо бояд таъсири чунин иншоотро ба мардуми мамолики поёноб низ дар назар бигиранд. Вай дар ҷаласаи аъзои ҳукуматаш рӯзи панҷшанбе гуфт, "албатта, ҳамсояҳоямон мехоҳанд, ба Покистон ва Афғонистон нерӯи арзони барқ бифурӯшанд, аммо сухан аз сарнавишти наслҳои оянда меравад. Агар Узбакистон беоб монад, ба чашми фарзандон ва набераҳоямон чӣ гуна нигоҳ хоҳем кард? Ин қаламрави мост ва онро тарк карданӣ нестем."
Ҷаноби Каримов афзуд, кишвараш ҳақ дорад, аз давлатҳои болооби минтақа таъсири сохтмони чунин иншоотро ба ҳаёти мардум дар Узбакистон талаб кунад. Вай изҳор дошт, агар Тоҷикистон ва Қирғизистон безарарии нерӯгоҳҳои ояндаро ба Узбакистон исбот кунанд, Тошканд омодааст, ба ин барномаҳо шарик шавад ва дар онҳо сармоягузорӣ кунад.
Вай гуфт: "Қирғизистон ва Тоҷикистон аз як масъалаи одӣ саркашӣ мекунанд. Таклифи асосии Узбакистон аз ин иборат аст, ки агар дар Амударё Роғунро сохтанӣ бошед ё он ҷо, дар Сирдарё Қамбаротаро, барака ёбед, созед! Мо ҳам омодаем, иштирок ва ҳиссаи худро ҳамроҳ кунем, лекин бояд ақлро кор фармуд. Кӣ кӯр-кӯрона ба сохтмони чунин иншоот сар мекунад? Фардо ин ба ҳамаи минтақа, пеш аз ҳама онҳое ки дар поён ба сар мебаранд, таъсир хоҳад дошт. Эҳтиёҷи онҳоро ба об, ҳаёту мамоти онҳоро ба назар гирифта, мо ба талаб кардани ҳаққи онҳо ҳуқуқ дорем ё не?"
Ислом Каримов бо муроҷиат ба Тоҷикистону Қирғизистон гуфт, ин ду кишвар пеш аз ҳама бояд бо ҷалби коршиносони бетараф ва бо назардошти меъёрҳои байнулмилалӣ ва асноди Созмони Милали Муттаҳид арзишёбии тарҳҳои худро омода ва пешниҳод кунанд.
Аммо мақомоти тоҷик борҳо гуфтаанд, ки мутолиаи мукаммали тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар замони шӯравӣ ва аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои муҳандисии худи Узбакистон анҷом шуда, Тошканд дар давраи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳаводорони асосии бунёди Роғун буд. Ба назари аксари коршиносони тоҷик, мухолифати Узбакистон ба эҳдоси Роғун бештар ангезаҳои сиёсӣ дорад, зеро Тошканд ҳозир нест, Тоҷикистонро ба ҳайси яке аз содиркунандагони асосии барқи минтақа бинад.
Президент Каримов аз намояндагони ҳукуматаш хост, манфиатҳои Узбакистонро дар робита ба тарҳҳои обу энержии кишварҳои ҳамсоя ба таври фаъолонатар ҳимоят кунанд. Вай ҳамчунин аз мавзеъгирии Русия дар мавриди сохтмони нерӯгоҳҳо дар кишварҳои ҳамсоя изҳори тааҷҷуб кард. Маскав ахиран тасмим гирифтааст, барои бунёди нерӯгоҳи Қамбарота дар Қирғизистон 1,7 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.
Ин дар ҳолест, ки президенти Русия Дмитрий Медведев дар ҷараёни сафари ахираш ба Узбакистон гуфт, сармояи кишвараш ба барномаҳои обу энержие равона нахоҳад шуд, ки сабаби мухолифати ҳамсоякишварҳо бошанд. Мақомоти Тоҷикистон ин изҳоротро мухолифи баёноти Медведев дар сафари душанбегияш номиданд. Он вақт Медведев гуфта буд, Русия омодааст, дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон саҳм бигирад. Аммо изҳороти Медведев дар Тошканд сабаби нотаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва лағви сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав гардид.
Ду рӯз баъдаш ҷаноби Раҳмон тасмим гирифт барои ширкат дар мулоқоти сарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Авруосиё ба Маскав сафар кунад, вале мулоқоти вижа бо Медведевро ба таъхир гузошт. Қарор аст, ин дидор дар охири моҳи феврал баргузор гардад.
Тоҷикистон норозист, ки бар асари ихтилофи Тошканд ба тарҳи Роғун натавонистааст, сармояи Русияро ба ин барнома ҷалб намояд.