Мардуми Венесуэла рӯзи якшанбе дар референдум барои тағйири Сарқонуни ин кишвар иштирок карданд. Тибқи тарҳи ислоҳи Сарқонун, ба раисҷумҳур Уго Чавес иҷоза дода мешавад, чанд дафъае, ки хоҳад номзадиашро ба мақоми раисҷумҳури Венесуэла пешниҳод кунад.
Тибисей Лучена, раиси Шӯрои миллии интихобот, гуфт, шумориши тақрибан нисфи раъйҳо аз раъйпурсии рӯзи якшанбе нишон додааст, ки ҳудуди 54 дарсади мардум тарафдори чунин ислоҳ будаанд.
Акнун Уго Чавес, раисҷумҳури феълӣ, метавонад пас аз хотимаи даври раёсаташ дар соли 2013 ҳам дар сари қудрат бимонад. Вай даҳ сол боз раисҷумҳури Венесуэла – як кишвари нафтхез ва узви созмони кишварҳои содиркунандаи нафт ОПЕК мебошад.