Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

G-7 роҳҳои муқобила бо буҳронро меҷӯяд


Нишасти G-7 дар шаҳри Рум
Нишасти G-7 дар шаҳри Рум

Намояндаҳои мақомоти моливу иқтисодии кишварҳои гурӯҳи G-7 роҳҳои муқобила бо буҳрони молиро баррасӣ карданд.

Мулоқоти намояндагони кишварҳои пешрафтаи санъатӣ, ки аъзо гурӯҳи G-7 ҳастанд, ин дафъа дар шаҳри Рум, пойтахти Итолиё, гирди ҳам омада, дар ин робита ин мавзӯъро баррасӣ намуданд. Нишасти мазкур бо нашри гузориши наве оид ба коҳиши башиддати нишондодҳои иқтисодии он кишварҳои аврупоӣ мувофиқ омад, ки пули миллиашон евро мебошад.

Олмону Фаронсаву Итолиё дар чормоҳаи охирини соли 2008 назар ба пешгӯиҳо бо нишондодҳои пасттарини иқтисодӣ, яъне 1,5 дарсад рӯбарӯ шудаанд. Иқтисодшинос Оливер Бланшард, раиси Сандуқи байнулмилалии пул, ҳанӯз моҳи январ ҳушдор дода буд, ки вазъ дар ояндаи наздик чандон хуб намешавад: «Интизори мо ин аст, ки иқтисод дар соли 2009 аз ҳаракат бозмемонад. Дар миёни кишварҳои ҷаҳон тафовутҳои хеле муҳим ба мушоҳида мерасад. Дар иқтисодҳои пешрафта мо тафовутҳои шадидро ҳамсони баъди даврони ҷанг пешгӯӣ мекунем».

Раҳбари мудирияти Сандуқи байнулмилалии пул Доминик Штраусс-Канн ин нигарониҳоро такрор кард. Ӯ гуфт, ки ҳоло вазъ ингуна аст, ки ҳеч кас ҳавсалаи «рақсу бозӣ»-ро дар чунин шароит надорад. Иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳон, афзуд вай, дар ҳоли рукуди шадид ҳастанд ва Сандуқи байналмилалии пул дар ҳоли ҳозир ҳеч аломати беҳтар шудани вазъро дар соли 2009 намебинад. Ҳарчанд, бо ин вуҷуд вай нахост вазъи феълии иқтисодиро бо истилоҳи «таназзули иқтисодӣ» ёд кунад.

Нишасти Рум, ки дар он вазирони молияву раҳбарони сохторҳои молии Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, ИМА, Итолиё ва Жопун (Япония) иштирок мекунанд, таъсири мусбати қабули барномаҳои наҷот, пайомадҳои иқдомҳои нав ва баъдӣ барои бурунрафт аз буҳронро баррасӣ хоҳад намуд.

Ҳафтаи ҷорӣ Деннис Блэйр, раиси нави хадамоти миллии кашфи ИМА, дар баробари Сенат гуфт, ки буҳрони иқтисодӣ метавонад боиси ба ҳам хӯрдани эътидол дар кишварҳои ҷаҳон шавад: «Буҳронҳои иқтисодӣ хатари афзоиши бесуботиҳои баъзе режимҳоро ба муддати ду-се соли дигар афзун хоҳад кард. Бесуботӣ метавонад вазъи бе ин ҳам ҳассосу шиканандаи қонун ва низомро ба ҳам зада, метавонад дар ҷомиъаи байнулмилалӣ ба шаклҳои гуногун ва хатарнок зуҳур кунад».

Хабаргузориҳо дар нақли қавл аз тарҳи эъломияе, ки бояд дар ниҳояти нишасти Рум қабул шавад, мегӯянд, ки G-7 ҳамоно тарафдори ҷилавгирӣ аз иқдомоти протектионистӣ, яъне талош барои ҳимоят аз маҳсулоти дохилӣ мебошад, чунки ин тадбирҳо метавонад боиси амиқрафти бештари бeҳрон шавад.
XS
SM
MD
LG