Давлат Сулаймонов, раиси бахши танзими фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва аҳзоби сиёсӣ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон, ин созмонро барои таблиғоти ғайриқонунии мазҳабӣ муттаҳам медонад. Ин созмони олмонӣ ба ироаи кӯмакҳои хайрия ба хонаводаҳои камбизоат машғул будааст, ки дар манотиқи Тоҷикистон аз офоти табиӣ зиён дидаанд.
Давлат Сулаймонов афзуд, дар соли гузашта барои чунин фаъолиятҳои ғайримуҷози худ намояндагии шаш созмони хориҷӣ дар Хуҷанд, шимоли Тоҷикистон, баста шуданд. Соли гузашта Вазорати адлия фаъолияти созмони хайрияи олмонии “Ора Интернешнл” дар Душанберо низ барои таблиғоти мазҳабӣ ва таъсиси ғайриқонунии бахшҳои он дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон муттаҳам карда буд. Вале, ахиран, ин ду ҷониб ба тавофуқ расидаанд, ки созмони “Ора Интернешнл” метавонад фаъолияташро дубора аз сар гирад.
Ба гуфтаи Давлат Сулаймонов, раиси бахши танзими фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва аҳзоби сиёсӣ дар Вазорати адлия, “AllianceMission” имкон дорад, ки барои таблиғоти мазҳабияш ба раёсати дин дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муроҷиат кунад ва сабтином шавад.
Аммо Идибек Зиёев, масъули бахши дин дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, дар ду соли ахир ҳеҷ як аз созмонҳои мазҳабии хориҷӣ барои ташкили намояндагии худ ба онҳо муроҷиат накардаанд. Феълан, дар Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, бештар аз 80 созмони ғайриисломӣ фаъолият мебаранд, ки ҳузур ва таблиғоти озодонаи онҳоро Қонуни асосӣ замонат додааст. Идибек Зиёев мегӯяд, аммо бештари ин созмонҳои ғайриисломӣ, ки дар баробари кӯмакҳои худ фаъолиятҳои таблиғоти мазҳабиро ба роҳ мемонанд, қавонини Тоҷикистонро риоят намекунанд. Ба гуфтаи вай, ин созмонҳо адабиёти марбут ба дини масеҳиро ба забонҳои тоҷикиву узбакӣ ва русӣ нашр ва миёни сокинон тавзеъ медиҳанд, ки мухолифи таълимоти Ислом аст ва метавонад дар ҷомеъаи мусулмони Тоҷикистон низоъ ба по кунад.
Соҳибназарон мегӯянд, ахиран давлати Тоҷикистон муносибати худ ба дин ва диндоронро тағйир додааст. Танҳо дар соли гузашта мақомоти кишвар фаъолияти як идда созмонҳои хайрияи хориҷиро баррасӣ ва мутаваққиф карданд.
Ҳамчунин, баҳси тарҳи Қонуни дин ва созмонҳои динӣ, ки аз сӯйи раёсати дин пешниҳод шуда ва дар дасти вакилони мардумӣ қарор дорад, “садди бузург”-е барои фаъолиятҳои минбаъдаи созмонҳои мазҳабии ғайриисломӣ дониста мешавад. Паём Фурӯғӣ, масъули ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе, мегӯяд, маҳдудияти бештар рӯйи роҳи фаъолияти созмонҳои хориҷӣ метавонад дари кӯмакҳо ба хонаводаҳои камбизоати Тоҷикистонро бандад. Ба қавли ӯ, набояд мақомот пеши роҳи онҳоеро бигиранд, ки мехоҳанд аз Худои худ бигӯянд ва бо ҷамъи дӯстонашон ниёиш кунанд.
Ҳамин тавр, назарҳо барои идомаи фаъолият ва ҳузури созмонҳои мазҳабии ғайриисломӣ дар Тоҷикистон мухталифанд. Агар намояндагони адёни ғайриисломӣ аз танг шудани ҷойи худ дар саҳнаи мазҳабии Тоҷикистон сӯҳбат кунанд, бештари рӯҳониён ҳузури васеъи онҳоро барои ояндаи кишвар хатарбор медонанд.
Давлат Сулаймонов афзуд, дар соли гузашта барои чунин фаъолиятҳои ғайримуҷози худ намояндагии шаш созмони хориҷӣ дар Хуҷанд, шимоли Тоҷикистон, баста шуданд. Соли гузашта Вазорати адлия фаъолияти созмони хайрияи олмонии “Ора Интернешнл” дар Душанберо низ барои таблиғоти мазҳабӣ ва таъсиси ғайриқонунии бахшҳои он дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон муттаҳам карда буд. Вале, ахиран, ин ду ҷониб ба тавофуқ расидаанд, ки созмони “Ора Интернешнл” метавонад фаъолияташро дубора аз сар гирад.
Ба гуфтаи Давлат Сулаймонов, раиси бахши танзими фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва аҳзоби сиёсӣ дар Вазорати адлия, “Alliance
Агар намояндагони адёни ғайриисломӣ аз танг шудани ҷойи худ дар саҳнаи мазҳабии Тоҷикистон сӯҳбат кунанд, бештари рӯҳониён ҳузури васеъи онҳоро барои ояндаи кишвар хатарбор медонанд.