Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати ИМА тарҳи молии Обамаро тасвиб кард


Барак Обама
Барак Обама

Сенати Амрико тарҳи 838 миллиард долларии Барак Обама барои наҷоти иқтисоди ин кишварро ба тасвиб расонд.

Ҳамин тавр дар натиҷаи гуфтушунудҳои мушкил ихтилофҳои мавҷуда миёни Кохи сафед ва Сенат бартараф шуда ҷонибҳо саранҷом ба тавофуқ расиданд. Барак Обама, ки барои касби дастгирии мардум ва фишор болои қонунгузорон ба аёлатҳо ҷудогона силсила сафарҳои таблиғотӣ анҷом медод, хабари тасдиқ шудани барномаашро бо хуши истиқбол кард.

Обама, ки он замон бо сокинони аёлати Флорида вохурӣ дошт, гуфт: «Ман мехоҳам эълон кунам, ки чанд лаҳза пеш Сенат тарҳи наҷоти иқтисоди кишварро ба тавиб расонд. Ин хабари хуш аст, ва ман мехоҳам ба тамоми аъзои сенат, ки тарҳи моро дастгири намуданд ва ба ин раванд як такони мусбат бахшиданд, самимона ташаккур бигӯям. Аммо пеш аз он ки тарҳи қонун ба дастгоҳи ман ироъа шавад, лозим аст тарҳи маҷлиси намояндагон ва Сенатро ҳамоҳанг кард. Ҳамин тавр тули чанд рузи оянда мо боз каме кор дорем ва аммо ин оғози хуб аст.”

61 сенатор ба ҷонибдории тарҳи раисҷумҳур ва 37 сенатор мухолифи он овоз доданд. Тавре маълум аст, конгреси ИМА ба ихтисоси 819 миллиард доллар розигӣ дод ва Обама дар аёлати Флорида гуфт, ки ҳоло бояд тафовути мавҷуда миёни ин ду тарҳро бартараф намуд.

Тибқи қойда тарҳи ҳамоҳангшуда ба ҳарду палатаи порлумон барои тасвиби ниҳои ироъа мешавад. Раҳбарони аксарияти демократии ҳам конгрес ва ҳам Сенат ваъда доданд, ки барои таҳияи матни ниҳоии қонун тамоми имконоташонро ба харҷ медиҳанд ва то зарбулаҷали муайянгашта, яъне 16 феврал, онро ба раисиҷумҳур пешкаш хоҳанд кард.

Тасвиби лоиҳа бад аз он имконпазир шуд, ки гурӯҳи хурди сенаторҳои дудила ба пуштибонии тарҳи алтернативии 838 миллиарддоллара овоз доданд. Тарҳи асли ихтисосӣ 940 миллиард долларо дар назар дошт ва ҷумҳурихоҳон ба харҷи чунин маблағи бениҳоят бузург дар ҳеҷ сурат розӣ набуданд. Демократҳо дар Сенат 58 намоянда доранд ва аммо барои тасвиби ин қонун ҳадди ақал 60 овоз зарур буд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки эҳтимол аст дар ҳамоҳангии лоиҳаи қонуни муштараки конгресу сенат низ мушкилиҳо ба амал оянд.
Раҳбари демократҳои конгрес Стени Ҳойер дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, умедвор аст ба тарҳи қонуни сенат мешавад тағийрот ворид кард, аммо вай ҳамзамон эълом дошт, ки конгресс ва Кохи сафед нигаронанд ва имкон дорад дар охирин лаҳзаҳо сенаторҳои дудила мавқеъашонро тағйир диҳанд.
Ҳойер афзуд, ки маҷлиси намояндагон то ҳосил шудани тавофуқ рӯи ин мавзӯъ кор карданист.
XS
SM
MD
LG