Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии намояндаи ҲХДТ дар интихобот


Дар интихоботи миёнадаврии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи Сино намояндаи ҲХДТ Амир Каттаев бо касби 92 дарсади оро баранда эълон шуд.

Натоиҷи интихоботи миёнадаврӣ барои ишғоли курсии холишуда дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки рӯзи 8 феврал дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе баргузор шуд, эълом гардид.

Кавгӣ Раҳимов, масъули комиссияи ҳавзаи интихоботии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки Амир Каттаев вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Ва ҳарифи ӯ Абдуллоев Додхудо аз ҲНИТ бо касби наздики 7 дарсади раъйи интихобкунандагон дар ин сабқат мағлуб шудааст.

Зимнан ҲНИТ наҳваи баргузории ин интихоботро ғайридемократӣ ва ғайриозод хонда, қасд дорад бо баргузории ҷаласа дар сатҳи Шӯрои сиёсиаш вокӯниши худро баён кунад.

Барандаи интихобот Амир Каттаев қаблан раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG