Бег Сабуров, масъули бахши мухобирот дар Вазорати роҳ ва мухобироти Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, тарҳи таъсиси Маркази воҳиди мухобиротӣ ба рақобати бозори ширкатҳои мобилӣ халал ворид намекунад.
Ба қавли ӯ, ин иқдом барои шаффофияти кори ширкатҳои мухобиротӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ рӯйи даст гирифта шудааст. Оқои Сабуров мегӯяд, ин ниҳоди воҳид, фаъолияти ширкатҳои мухобиротиро зери назорат мегирад, ки даромадашон низ аз мақомоти андоз пинҳон нахоҳад монд: “Ҳадаф ин аст, бояд шаффофияти дақиқаҳое, ки медароянду мебароянд, таъмин бошанд. Ва бо истифода аз ин шаффофият бояд ҳар як оператор молиёти давлатро ба буҷа пардохт кунад. Давлат ба кори ширкатҳо ва рақобати бозори онҳо куллан дахолат намекунад”.
Сабуров ҳамчунин гуфт, таъсиси Маркази воҳиди мухобиротӣ ба нархи хадамоти мобилӣ таъсир нахоҳад кард. Аммо ба гуфтаи вай, куллия қарордод ва нархномаи ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон аз сӯйи хадамоти давлатии назорат ва танзими ин вазорат муқаррар ва имзо мешаванд.
Ин “иқдом”-и Вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистон масъулони ширкатҳои мухобиротии кишварро, ки аксарият бо сармояи хориҷӣ ба пой истодаанд, нигарон кардааст ва онҳо мегӯянд, ки ин тасмим низоми кори ширкатҳоро ба ҳам мезанад.
Беҳзод Файзуллоев, мудири кулли ширкати "Вавилон-Мобайл", мӯътақид аст, ки баъд аз ин дар риштаи мухобиротии кишвар монополист пайдо мешавад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ин тасмим бо бархе аз бандҳои қонун дар бораи мухобирот мухолифати шадид дорад: “Банди шаши Қонуни алоқа алайҳи таҳти монополия қарор додани бозори мухобиротӣ аст. Лекин бо як қарори худ бархилофи ин қонун монополист тайёр карда истодаанд. Шумо фикр кунед, ки ҳамаи обро дар як кӯза мегиранд, аммо агар он кӯза шиканад, оқибаташ чӣ мешавад? ”
Файзуллоев ҳамчунин гуфт, ки ин қарори Вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистон бидуни ризоият ва баҳси ширкатҳои мухобиротӣ омода шуда ва танҳо рӯзи ҷумъа ба дасти онҳо расидааст.
Баҳриддин Наҷмиддинов, раҳбари ширкати "Индиго" талоши мақомоти Тоҷикистонро нодуруст хонда, гуфт, ки ширкатҳои мухобиротӣ то кунун даромаду баромади худро аз мақомот пинҳон надоштаанд ва ниёзе барои таъмини шаффофияти кори онҳо вуҷуд надорад. Вай истифодаи ибораҳои “таъмини амнияти иттилоотӣ” ва “шаффофияти фаъолияти ширкатҳо”-ро дар қарори вазорат баҳонае беш надонист ва афзуд: “Имрӯз тамоми ширкатҳое, ки фаъолият мекунанд, бо системаи ҷустуҷуйи фаврӣ муҷаҳҳаз шудаанд ва ин система ба Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон пайванд аст. Аз ин рӯ, ба фикри ман, зарурате барои тасвиби чунин қарор вуҷуд надорад”.
Наҷмиддинов ҳамчунин таъсиси Маркази ягонаи мухобиротӣ дар ширкати "Тоҷиктелеком" на ба фоида, балки ба зарар донист: “Ин ташаббуси комилан нодуруст аст. Барои чӣ? Барои он ки сифат коста мешавад. Бубинед, моро имрӯз ба дасти рақиби мо ширкати "Тоҷиктелеком" месупоранд, ки Маркази воҳиди мухобиротӣ дар он ҷо таъсис мешавад. Аммо кӣ ба мо кафолат дода метавонад, ки ин марказ аз ӯҳдаи хидматрасонӣ ба ҳама ширкатҳо баромада метавонад?”
Ҳамин тавр, масъулони ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон таъсиси Маркази воҳиди мухобиротиро зарур намешуморанд. Мисли ин ки соли 2006 ҳам чунин як тарҳ аз сӯйи мақомоти вазорати мухобироти вақти кишвар пешниҳод шуда ва бо мухолифатҳои шадиди раҳбарони ширкатҳои мухобиротӣ рӯбарӯ гардид.
Шӯҳрат Қудратов, узви Консорсиюми ҳуқуқӣ дар Душанбе, низ тасмими Вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистонро мухолифи бандҳои қонуни шаҳрвандии Тоҷикистон арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, ба ин васила мақомот фаъолияти ширкатҳои мухобиротиро маҳдуд мекунанд. Бо ин ҳама, дар Тоҷикистон бештар аз 20 ширкати мухобиротӣ ҳаст, ки "Вавилон-Мобайл", "Индиго", "Телеком-Технолоҷӣ" аз ҷумлаи сермуштариёни онҳо маҳсуб мешаванд.
Ва коршиносон мегӯянд, муваффақияти чашмраси ин ширкатҳо, ки бо талоши афроди ҷудогона ва сармояҳои хориҷӣ рӯйи кор омадааст, акнун ба ҷойи “серравған”-е табдил шудааст, “насиби як касу доғи ҳазорон”.