Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА барои Тоҷикистон тамрингоҳ месозад


Амрико дар ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон тамрингоҳи амниятӣ эҳдос хоҳад кард.

Ин тамрингоҳ барои анҷоми машқҳо миёни воҳидҳои таъиноти вижаи Тоҷикистон ва Амрико истифода хоҳад шуд. Трейсӣ Ҷейкобсон, сафири Амрико дар Тоҷикистон, пас аз дидору гуфтугӯ бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи хабарнигорон дар робита ба ҳамкориҳои амниятӣ ва низомӣ миёни ду кишвар гуфт, «ҳамкориҳои низомии мо маъмулиянд, ки дар сол бо баргузории 80 мулоқоту нишастҳои омӯзишӣ ва тамосҳои мухталиф хулоса шудааст. Ва тасмим дорем дар вазорати дифоъи Тоҷикистон низ як гурӯҳи корӣ барои пиёда сохтани ин тамосҳоро фаъол кунем.»

Сафири Амрико дар робита ба ҳамкориҳои амниятӣ ва ҳадаф аз ташкиил тамрингоҳи амниятӣ дар Турсунзода гуфт, «воҳидҳои таъиноти вижаи Амрико ва Тоҷикистон домо якҷоя машқҳои низомиро анҷом медиҳанд. Баҳори имсол ду даври тамрини 6-ҳафтаӣ дар назар аст. Ва мо дар шаҳри Турсунзода як тамрингоҳро эҳдос хоҳем кард.» Сафири Амрико гуфт, ки ин тамрингоҳ бо дархости мақомоти Тоҷикистон эҳдос мешавад.

Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон тахмин мезананд, ки имкон дорад ташкили ин тамрингоҳ ба равобити Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти ҷамъии кишварҳои ҳамсуд садама ворид кунад. Вале Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази мутолеоти сиёсии дафтари раёсати ҷумҳурӣ, ин иддаоҳоро беасос медонад. Оқои Сафаров гуфт, «ман дар мавриди ин тамрингоҳ зиддиятеро намебинам, зеро дар ин машқгоҳ нерӯҳои вижаи Узбакистон, Қирғизистон ва Русия низ метавонанд машқ кунанд.»

Бархи дигари коршиносон низ бар ҳамин назаранд. Вале ташкили ин тамрингоҳ дар наздики марзи Узбакистонро ба хатароти ношӣ аз гурӯҳи полковник Маҳмуд Худойбердиев, як тан аз мухолифони сарсахти давлати Тоҷикистон, рабт медиҳанд, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Узбакистон панаҳ бурдааст.

Туйғун Камолов, таҳлилгари умури минтақа, эҳдоси ин тамрингоҳ аз сӯи Амрикоро ба нафъи равобити Тоҷикистону Узбакистон намедонад. Ба гуфтаи вай, ба ин далел, ки равобити Узбакистон дар ҳоли ҳозир бо Амрико хуб нест ва имкон дорад, узбакистон ин иқдоми Тоҷикистонро дӯстона нахонад.

Вале Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази мутолеоти сиёсии дафтари раёсати ҷумҳурӣ, ин иддаоро рад карда гуфт, «ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико ба муқобили кишвари севвум нест. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бо Ҳинду Чин, Эрон ва Русия чунин ҳамкориҳоро дорад. Ва дар сурате, ки Эрон бо Амрико робитаи хуб надорад, пас мо бояд ба Эрон ва ё Амрико ҳамкорӣ накунем?». Вай ҳамчунин иддаоҳоро назари соддалавҳона талаққӣ кард.

Дар гуфтугӯҳои сафири Амрико бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин мавзуи авзоъ дар Афғонистон ва расонидани кӯмакҳои башарӣ ба мардуми ин кишвар баррасӣ шуд. Сафири Амрико дар ин бора гуфт, «мо наметавонем субот дар Афғонистонро танҳо бо истифода аз нерӯ таъмин кунем. Ба ин далел мехоҳем дар иқтисоди ин кишвар бо кӯмаки мо бозсозӣ сурат бигирад. Ба ин хотир қарор аст, барои ирсоли маводи сохтмонӣ, сухт ва озуқа ба ин кишвар аз қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна истифода кунем. Манзурам истифода аз роҳҳои оҳану мошингард аст.»

Хонум Ҷейкобсон гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир тарҳи эҳдоси фаннӣ ва иқтисодии пули ҷадид дар рудхонаи Панҷро дар ихтиёри Амрико қарор додааст. Ва ин тарҳ аз сӯи мо баррасӣ хоҳад шуд ва ҳазинаҳои он аз сӯи Амрико пардохт мешавад». Вай гуфт, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин гуфтугӯҳо иброз дошт, ки пули сохта дар Панҷи поён тули шабонарӯз дар интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба Афғонистон фаъол хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон дар бораи қатъи фаъолияти пойгоҳи низомии Амрико дар фурудгоҳи Манаси ин ҷумҳурӣ иқдом кардааст. Ва сафири Амрико дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё Амрико барои истифода аз фурудгоҳи Айнӣ дар Тоҷикистон иқдом хоҳад кард, гуфт: «Мо чунин нақшае надорем.»

Сафири Амрико ҳамчунин гуфт, ки ИМА дар тақвияти марз дар Тоҷикистон ёҳдоси терминалҳои гумрукӣ дар марзи ин ҷумҳурӣ бо Афғонистон, ҳамчунин эҳдоси пулу ҷоддаҳо кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG