Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнам ва Ҷонибек - дар Амрико


Шабнами Сураё
Шабнами Сураё

Ситораҳои мусиқии попи тоҷики Шабнами Сураё ва Ҷонибеки Мурод баъд аз ҳунарнамоии бомуваффақияти соли гузаштаашон дар кишварҳои Аврупо саранҷом ба хотири баргузории як силсила консертҳо ба ИМА рафтанд.

31 январ нахустин консерти ин ду овозхони маъруфи тоҷик дар толори меҳмонсарои “Шератон”-и шаҳри Венаи аёлати Вирҷиниё дар ҳузури дастикам як ҳазор ҳаводорон ва алоқамандони ҳунари онҳо баргузор шуд. Аз қавли онҳое, ки дар консерт ҳузур доштанд, тамоми толорро форсизабонони муқими Амрико пур карда буданд ва ҳатто ягон курсии холӣ дар толор намонда буд.

Tajik Concert
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00



Зимни ҳунарнамои Шабнам ва Ҷонибек ҷамъшудагонро ба шавқ оварда гоҳ-гоҳ бо садои баланд “Тоҷикистон!” ва “Афғонистон!” нидо мекарданд. Тамошобинон ҳар як таронаву суруди тозаро бо мавҷи кафкубиҳои беинтиҳо истиқбол мекарданд.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ яке аз масъулони ширкати “Трай вижион студиос” Сулаймон Лутфӣ, ки баргузории консертҳои Шабнам ва Ҷонибекро дар ИМА ба зимма дорад, гуфт, имрӯз, 6-уми феврал, консерти ҳунармандон дар минтақаи Квинси Ню Йорк доир мегардад. Оқои Лутфи афзуд, ба хотири он, ки Шабнам ва Ҷонибек сурудҳои афғонӣ ва эрониро хеле моҳирона иҷро мекунанд, онҳо дар Афғонистон ва Эрон ҳам шӯҳрати бузург ва алоқамандони зиёд касб кардаанд.

Ба гуфтаи вай, сафари ҳунарии ин ду ситораи ҷавони эстрадаи тоҷик дар Аврупо дар тобистони соли гузашта хеле муваффақ гузашт ва аз баски шумораи форсизабонони Амрико низ хеле бузург аст, ширкати “Трай вижион студио” тасмим гирифт, силсилаи консертҳои Шабнаму Ҷонибекро дар ИМ низ барпо кунад.

Консерти имрӯза дар ноҳияи Флашинги Ню-Йорк дар толори Квинс коллеҷ соати 8 бегоҳ доир мешавад. Баъд аз ин Шабнам ва Ҷонибек 14-уми феврал дар Лосанҷелес ва 21-уми феврал дар Сан Хосе ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG