Замони кӯдакиву навҷавонии адиби нотакрор, баъди он ки дар соли 1956 аз зодгоҳаш – деҳаи Падрохи Кӯҳистони Масчо ҳамроҳи ҳамдиёронаш ба ин ҷо кӯч баста, ба худ «зодгоҳи дуввум» сохтанд, дар ҳамин ҷо гузаштааст.
Маросими видоъ бо муаллифи китоби «Девори Хуросон», дар ин рӯзи нам–нами боронӣ ёру дӯстон, аҳли қалам, пайвандону дӯстдорони осорашро гирди тобӯти ӯ ба ҳам овард .
Аҳмадҷони Раҳматзод – сарвари иттиҳоди адибони Суғд дар маросими мотам гуфт, рисолати адабии Муҳаммадзамони Солеҳ - адибе, ки чеҳраи воқеӣ ва мондагори Исмоили Сомониро дар адабиёти тоҷик офарид, идомати коре буд, ки Фирдавсӣ ҳазор сол қабл ва Сотим Улуғзода - адиби тоҷик баъд аз даҳ қарн дар офариниши рӯҳу равони дурахшон ва чеҳраҳои таърихии бузургу мондагори миллат анҷом доданд.
Ӯ афзуд, танҳо романи «Девори Хуросон»-и ӯ кофист, ки мақоми шоистае барояш дар адабиёти тоҷик муқаррар бошад: «Инсони бисёр фурутан буданд. Мегуфтем, ки чаро шумо барои мукофоту ҷоизаҳо асарҳои худро пешниҳод намекунед, бо як табассуми фарохи рустамонае, ки доштанд, мегуфтанд ки «Бо кирб назар макун ба хоки сари роҳ, Охир ба ҳамин хоки сияҳ сар монӣ.»
Муҳаммадзамони Солеҳ – ин адиби шӯридаҳол ва суфимашраби тоҷик, ки насраш як рангу бӯи хосе аз тасаввуф медиҳад, зиндагии содаву беолоиш ба сар мебурд ва ба гуфтаи ҳолдонҳо, дар давраҳои охири зиндагӣ ба омӯзиш ва амалияи тариқати тасаввуф рӯ оварда буд. Воқеан, ин аҷаб мебуд, агар адибе бидуни ин гуна равони пок ва озода аз полудаҳои иҷтимоии зиндагӣ асарҳое, аз нахустин достони хурдаш – «Сарви Кишмар» то яке аз охирин асарҳои бузургаш - романи «Девори Хуросон» мефарид. Чунин менамуд, ки Муҳаммадзамони Солеҳ дар олами маънавии поки асарҳояш ба сар мебурд, ҳарчанд ки ин ба ӯ осон даст намедод. Балки дар солҳои вопасини умр, чунонки дӯстонаш мегӯянд, бо сафо ва покизагии қалбу рӯҳ худро ба навиштани асарҳое дар бораи шахсиятҳои бузурги маънавии инсоният, мисли пайғамбар - Муҳаммад ва Куруши Кабир омода мекард.
Носирҷон Салимов, аз дӯстон ва ҳамсабақони ӯ, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, дар маросими мотам гуфт, ки Муҳаммадзамони Солеҳ аз худ насри гаронмоя ва роҳи тозае дар наср боқӣ гузошт ва ин тӯшаи маънавии арзишманд бо худ ба сафари охират бурд.
Аммо Муҳаммадзамони Солеҳ дар айни авҷи уруҷи адабӣ, дар синни 58 дунёро тарк гуфт, замоне ки ба худ роҳе хос ба як олами тоза ва ҳанӯз номакшуфи наср боз кард. Сангин Гулов – устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, аз дӯстони ӯ, мегӯяд, Муҳаммадзамони Солеҳ таълифи романи наверо дар бораи зиндагии паёмбарон, аз ҳазрати Одам то Муҳаммад, дар сар дошт, аммо ҳоло маълум нест то куҷо ин корро ба анҷом расонд: «Ва дирӯз вақте ки дар сари ҷасади он касс бо рӯҳашон роз мегуфтам, ба маънии ин гуфтаашон пай бурдам, ки вақт кам аст, гуфта, чиро дар назар доштаанд».
Вале оё вақт танг буд ва ё меҳрубониву ғамхорӣ дар ҳаққи адибоне чун Муҳаммадзамони Солеҳ дар вақти зиндагиашон кам буд? Ҳарчанд ки ӯ дар зиндагӣ, дар ҳама аҳвол дасти талаб ба касе дароз накарда, сармояи қаноат ва насрро беҳтарин неъмати ҳар ду дунёи худ медонист. Балки сарнавишт риштаи умри ӯро бурида, ба ӯ хост бигӯяд: одамон ҳанӯз ба қабули он чи ӯ мехост тоза рӯи коғаз оварад, омода нестанд…
Ба ҳар ҳол, ӯ, ки мехост дар бораи паёмбари ислом – Муҳаммад китоб нависад, акнун зери хок рафта ва дигар вақт ҳаст осори ӯро мутолиа кунем ва дарёбем: ин адиби шӯридадил дар асарҳояш ба мову ояндагон чи паём медод ва боз ҳам чи ҳарфи наве гуфтан мехост ...