Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи коршиносон ба тағйири вазири дохила


Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон
Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон

Таъини генерал Абдураҳим Қаҳҳоров ба мансаби вазири умури дохилӣ аз иқдомҳои ҷиддии сиёсати кадрии президент Раҳмон арзёбӣ мешавад.

Абдураҳим Қаҳҳоров қаблан дар ин вазорат дар симмати муовин ва муовини аввал кор карда ва то замони таъинаш ба мансаби вазирӣ раёсати бахши ин вазорат дар вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт. Бо таъини оқои Қаҳҳоров ба ин мақом президент барои бори нахуст зимоми умур дар ин вазоратро ба кадри ҳирфаӣ вогузошта ва аз тарафи дигар дар сохторҳои интизомӣ нафареро мансуб кард, ки намояндаи минтақаи шимоли кишвар аст.

Аксари таҳлилгарон ва коршиносони тоҷик таъини генерал Абдураҳим Қаҳҳоров ба мансаби вазири умури дохилиро таҳаввули бесобиқа дар сиёсати кадрии президент Раҳмон унвон карданд. Таҳлилгарони тоҷик ин тасмими президентро аз ду ҷиҳат муҳим хонданд. Яке ин ки аввалин бор курсии вазири корҳои дохилӣ ба ихтиёри як кадри ҳирфаӣ супорида шуд ва дуввум барои бори нахуст дар даврони раёсати оқои Раҳмон ин вазифа на ба дасти ҳаммаҳалони худи ӯ, балки ба ихтиёри намояндаи минтақаи шимоли кишвар супорида шуд.

Иброҳими Усмон, аз мушовирони собиқи президенти Тоҷикистон, мегӯяд, интисоби Абдураҳим Қаҳҳоров аз он дарак медиҳад, ки президент Раҳмон рӯ ба афроди мутахассис ва ҳирфаӣ овардааст. Зеро нафари таъиншуда афсари касбии соҳаи милиса аст ва ӯ талош хоҳад кард, то дубора обрӯ ва нуфузи аз даст рафтаи кормандони умури дохилиро барқарор кунад.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар порлумони кишвар, мегӯяд президент бо ин фармон ба ҷомеа ва маҳофили сиёсӣ ошкор кард, ки наметавон бо ҷалби кадрҳои як маҳал давлатро идора кард. Оқои Кабирӣ гуфт, ӯ бар ин бовар аст, ки шароит ва авзои кунунии минтақа ва худи Тоҷикистон тақозо мекунад, ки нафарон аз нерӯҳои дигари сиёсӣ низ дар масъулиятҳои давлатӣ ҷалб шаванд.

Дар ҳамин ҳол Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, таъини Абдураҳим Қаҳҳоровро як раванди дурусти тозаоғозшудаи сиёсати кадрии президент арзёбӣ кард. Аз сӯи дигар, афзуд оқои Сафаров, вазири тозатаъин барои президент як шахси шинохташуда аст.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, тасмими тағйири вазири умури дохилӣ дар пасманзари бархе аз рухдодҳои ахири минтақа ва бахусус танишҳои лафзии бархоста миёни Русияву Узбакистон ва Тоҷикистон ва то ҳадде мавзеъгирии таҳдидомези ду кишвари аввал нисбати тарҳҳҳои энержии Тоҷикистон беҷиҳат нест. Аз тарафи дигар, дар соли гузашта бар асари ҳаводиси Бадахшон, Ғарм ва Кӯлоб амнияти дохилӣ халалдор шуд, ки ногузир ба овардани нафари тоза ба ин мақом шудааст.

Зимнан Абдураҳим Қаҳҳоров фаъолияташ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу тартиботро баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносӣ аз корманди оддӣ шурӯъ карда, сипас сардори шӯъба, раёсат ва муовини аввали вазири умури дохилӣ идома додааст. Дар ин миён дар солҳои 1979-1981 дар Академияи вазорати умури дохилии шӯравии пешин таҳсил кардааст. Дар солҳои 1993 то 2000 раёсати Академияи милисаи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. То замони таъиноташ ба вазифаи вазири дохила сардори бахши ин вазорат дар вилояти Суғд буд.

XS
SM
MD
LG