Гуфта мешавад, ки баста шудани маҳбас дар пойгоҳи Гуантанамои Куба аз сӯи кишварҳои аврупоӣ истиқбол шуд ва ба ин нукта дар изҳороти ҳукумати Ҷумҳурии Чех, садри давриии Иттиҳодияи Аврупо низ ишора шудааст. Ва ин мавзӯъ - сарнавишти минбаъдаи маҳбусон ва имкони дар кишварҳои аврупоӣ паноҳгоҳ ёфтани бархе аз онҳо рӯзи душанбе дар нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо Брюссел мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Александр Штубб, вазири умури хориҷаи Финляндия, қабл аз шурӯъи ин нишаст ба хабарнигорон гуфт, “амрикоиҳо дар мавриди қабули боздоштшудаҳо пешниҳоде ё тақозое накардаанд. Вале ман мутмаинам, ки мо ин мавзӯъро дақиқ баррасӣ хоҳем кард. Имрӯз, аз нигоҳи ман, ин мушкили сиёсӣ низ ҳаст ва мо бояд бо Иёлоти Муттаҳида дастфишорӣ кунем. Ин навгонӣ ва оғоз аз сифр аст. Гуантанамо баста мешавад ва мо аз ин хело шодем”.
Нишасти вазирони хориҷа дар Брюссел бо ибтикори Португалия ва Испания доир шудааст. Ин кишварҳо мехоҳанд Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди паноҳгоҳ додан ба он маҳбусони Гуантанамо, ки аз сӯи додгоҳҳои Амрико бозрасӣ нахоҳанд шуд ва ё бозгашт ба ватан барояшон хатари ҷиддӣ дорад, тасмими дастаҷамъӣ бигирад.Тибқи яке аз пешниҳодҳо, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бояд то 60 маҳбуси собиқро дар қаламравашон ҷой диҳанд.
Ва аммо ба назар мерасад, ки дар мавзӯъи паноҳгоҳ додан ба маҳбусони Гуантанамо сиёсатмадорони ҳар кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо мавқеъи худро дорад. Аз ҷумла, Волфганг Шаубл, вазири умури дохилаи Олмон мегӯяд, кишвараш омода аст фақат маҳбусонеро қабул кунад, ки олмонинажоданд. Ва аммо дар асл, ба гуфтаи ӯ, сарнавишти маҳбусони Гуантанамо мушкили фақат Амрикост.
Ҳавиер Солана, масъули бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо ҳам бо ин ақида мувофиқ аст. Вай гуфт, "ин мушкили амрикоиҳост ва онро бояд худи онҳо ҳал кунанд, вале мо омодаем дар сурати зарурат кумак кунем”.
Дигар кишварҳои аврупоӣ - Шветсия, Дания ва Ҳуланд ба он нукта ишора мекунанд, ки пазируфтани маҳбусони Гуантанамо маънои пазируфтани тарзҳои шубҳабарангези боздошти ин афрод ва бадрафторӣ бо онҳо аз сӯи амрикоиҳоро дорад. Аз нигоҳи онҳо, ин маҳбас хилофи қавонини байнулмилалӣ таъсис шуда буд ва масъулияти он бар дӯши амрикоиҳост. Вазири умури хориҷаи Ҳуланд Максим Верҳаген ду моҳ қабл ба порлумони кишвар гуфта буд, ки “мо аз ин маҳбас дар Гуантанамо пуштибонӣ намекардем ва ин иштибоҳи мо низ нест”.
Бархе аз кишварҳо сари таҳдид ба амнияти худ андеша мекунанд ва аз он ҳарос доранд, ки гумонбарони терроризм баъд аз раҳоӣ аз маҳбас низ манбаи хатари ҷиддӣ боқӣ хоҳанд монд. Иддаи дигар бо такя ба қонун дар бораи мақоми паноҳандагӣ дар кишварҳояшон мегӯянд, ки маҳбусони Гуантанамо аз дарёфти ин гуна мақом маҳруманд.
Ҳукуматҳои Фаронса ва Бритониё изҳор намуданд, ки ба қабули маҳбусони собиқи Гуантанамо омодаанд ва аммо интизори тасмими дастаҷамъии ҳама кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоянд. Нӯҳ шаҳрванди Бритониё, аз ҷумла, чаҳор сокини кишвар, ки қаблан дар Гуантанамо ба сар мебурданд, аллакай ба Бритониё баргузаштаанд. Вазири умури хориҷаи кишвар Дэвид Милибенд мегӯяд, ӯ омода аст бо ҳамтоҳояш аз дигар кишварҳо дар мавриди омодагиҳо барои қабули маҳбусони собиқ табодули таҷриба кунад.
Дар ҳамин ҳол вазири адлияи Ирландия Дермот Аҳерн изҳор намуд, ки кишвараш барои қабули зиндониёни собиқ омода аст. Дар ин бора ӯ ба нашрияи “Ириш таймз” хабар додааст. Ҳамзамон ин нашрия навиштааст, бахши ирландии созмони Афви байнулмилал хостори он шудааст, ки Ирландия ба Ойбек Ҷабборов, зодаи Узбакистон, ки ҳафт сол боз бандии Гуантанамо аст ва ҳамчунин ба 50 маҳбуси ба истилоҳ сафедшудаи ин зиндон паноҳгоҳ диҳад, ба 50 маҳбусе, ки имкони бозгашт ба ватанро надоранд.
Дар ҳамин ҳол Жак Баррот, муовини раиси Комиссиюни Аврупо оид ба адлия, озодӣ ва амният изҳор намуд, ки Иттиҳодияи Аврупо метавонад ба дархости ИМА барои қабули маҳбусони собиқ посухи мусбат диҳад ва аммо Вошингтон бояд ҳама иттилоъ дар бораи ин маҳбусон, аз ҷумла, то куҷо одилона будани ҳукми додгоҳ дар бораи онҳо ва чӣ гуна хатар доштани онҳо барои Аврупо ва ҳамчунин маъмулоти сиррӣ дар бораи парвози ҳавопаймоҳои Хадамоти Маркази кашфи Амрико ба Аврупо ва маҳбасҳои махфии амрикоӣ дар ин қораро дар ихтиёри Брюссел гузорад.