Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди HRW аз Русия ва Гурҷистон


Ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ ҳазорон нафарро муҳоҷир кард
Ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ ҳазорон нафарро муҳоҷир кард

Рӯзи ҷумъа гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар Human Rights Watch гузорише нашр кард, ки дар он Русия ва Гурҷистон бо поймол намудани ҳуқуқи башар дар рӯзҳои ҷанги Осетияи Ҷанубӣ муттаҳам мешаванд.javascript:__doPostBack('ctl01','')

Ба қавли ин созмон нерӯҳои Русияву Гурҷистон чӣ дар давоми як ҳафта бархӯрдҳои моҳи августи соли 2008-ум ва чӣ баъд аз он ба нодидагирии қонунҳои ҷанг роҳ додаанд. Human Rights Watch ҷудоихоҳони Осетияи Ҷанубиро ҳамчунон бо поккориҳои қавмӣ бар зидди гурҷиҳои муқими ин минтақа муттаҳам кардааст.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хонум Анна Нейстат намояндаи Human Rights Watch дар Маскав гуфт, дар таҳқиқи поймолшавиҳои ҳуқуқи башар Гурҷистон назар ба Русия ҳамкории бештар нишон додааст.

Human Rights Watch бар ин назар аст, ки дар рӯзҳои ҷанги Осетияи Ҷанубӣ ҳам Русия, ҳам Гурҷистон ва ҳам ҷудоихоҳони Осетияи Ҷанубӣ дар муқобили рақибонашон "аз нерӯи бе ҳадду андоза кор гирифтаанд" .

Моҳи августи соли гузашта нерӯҳои Русия ба хоки Гурҷистон ворид шуда, имкон надоданд, ки артиши Гурҷистон минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро таҳти тасарруфи ҳукумати марказӣ қарор диҳанд.

Human Rights Watch мегӯяд, ҷанги Осетияи Ҷанубӣ ҳамагӣ ҳашт рӯз аз ҳафтум то понздаҳуми августи соли 2008-ум давом кард, вале дар ин байн поймолкунии зиёди ҳуқуқи башар ба қайд гирифта шуд. Ин поймолкуниҳоро Human Rights Watch дар гузориши иборат аз 200 саҳифа ҷамъ кардааст.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки дар оғози бархӯрд Гурҷистон дар муқобили Осетияи Ҷанубӣ аз аслиҳаи мушакандози ГРАД истифода бурд, ки дар натиҷа мардуми осоишта азият кашид. Human Rights Watch тахмин мекунад, ки Русия ҳам дар муқобили Гурҷистон аз аслиҳаи ГРАД кор гирифта буд.

Human Rights Watch иддаоҳо дар бораи куштори садҳо фарди осоиштаи гурҷӣ аз тарафи сарбозони рус ва ё ихроҷи иҷбории мардуми гурҷитабор аз Осетияи Ҷанубиро тасдиқ накардааст, вале ба навиштаи ин гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар то кунун ҳазорҳо фирории гурҷӣ натавонистаанд, ки ба хонаҳои худ баргарданд.

Дар мавриди ҷудоихоҳони Осетияи Ҷанубӣ Human Rights Watch навиштааст, ки ҷудоихоҳон "дар дуздӣ, таҳдид, боздоштҳои ғайриқонунӣ ва ҳатто куштори одамон" даст доштаанд.

Анна Нейстат намояндаи Human Rights Watch дар Маскав аснои сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор намуд, ки ибтидо Русия Гурҷистонро бо генотсид, яъне куштори дастаҷамъӣ муттаҳам мекард, вале то кунун Русия натиҷаи таҳқиқоташро ошкор накардааст.

Ӯ меафзояд, "вазъ боиси таассуф аст. Ба фикрам дар ибтидо овозаи бепоя зиёд буд. Вале то кунун Русия ҳатто дар бораи натиҷаҳои пешакии таҳқиқоташ чизе нагуфтааст. Ҳамин тариқ маълум нест, ки он ҷо чӣ ҳодиса ба вуқӯъ пайваст ва масъули он кист?"

Ба ақидаи хонум Нейстат ҳар ду ҷониб ҳам Русия ва ҳам Гурҷистон бояд таҳқиқи бетараф доир намуда, масъулони поймолшавии ҳуқуқи башар ва ҷинояткорони ҳарбиро ба муҷозот кашанд. Ҳамчунон Human Rights Watch таъкид кардааст, ки Русия бояд амнияти фирориёни бозгаштаи гурҷӣ дар манотиқи ишғолшударо кафолдат диҳад.

XS
SM
MD
LG