Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суду зиёни Душанбе аз дӯстии Маскаву Тошканд


Гарму сард шудани муносиботи Тошканд бо Маскав ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи Тоҷикистон чӣ дар сатҳи мардумӣ ё чӣ дар сатҳи мақомот будааст.

Ба эътиқоди бархе коршиносони тоҷик, дар ибтидои истиқлол ҷанги дохилии Тоҷикистон замоне мумкин шуд, ки мавзеъҳои Тошканд ва Маскав дар қиболи Тоҷикистон ҳамнаво шуд.

Аз он таърих то кунун Тоҷикистон ба набзи муносиботи Узбакистон бо Русия бо ҳассосияти тамом назар мекунад. Ва ин ҳассосият бебаҳона низ нест. Дубора дар соли 2004 вақте муносиботи Узбакистон бо Ғарб ба далели ҳаводиси Андиҷон сард шуд ва Тошканд бо Маскав канор омад, ширкати русии Русал аз иҷрои тарҳи сармоягузории якуниммилларддоларӣ ба нерӯгоҳи Роғун даст бардошт. Акнун низ коршиносон мегуянд, Тоҷикистон метавонад, чунин инкишофи муносиботро ба дунболи сафари Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия ба Узбакистон интизор бошад.

Узбакистон ба шиддати беш аз воқеъият ба гуфтаи таҳлилгарон ба барномаҳои энержии Тоҷикистон ҳасосият нишон медиҳад ва дар сурати таъвам уфтодани манофеъаш бо Русия метавон фишорҳоеро руи иҷрои барномаҳои энержии Тоҷикистон интизор дошт. Дӯстмуҳаммади Дӯст, ходими пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Тоҷикистон, дар ин замина мегӯяд, баъди рафтани Медведев муносибот боз ҳам бадтар хоҳад шуд.

Аммо бархе таҳлилгарони дигар мегӯяд, мавзӯъи аслии баҳси Каримов бо Медведев на масъалаи Тоҷикистон, балки масоили ҳамлу нақли энержӣ ва ҳузури Русия дар ин бозор аст. Сардиву гармии Тоҷикистон бо Узбакистон, умдатан ба вижагиҳои равобит ва бархурди ду ҷониб бар мегардад ва кишвари савуме камтар метавонад ба ин муносибот таъсири чашмгире гузошта бошад.

Аммо суоли дигари матраҳ ин аст, ки сафари оғои Медведев ба Тошканд, то куҷо метавонад дар гармии бештар бахшидан ба равобити Русияву Узбакистон мусоидат кунад. Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, сафари Медведев ба Тошканд ба маънои нуктаи атф ё чархиш дар муносиботи Русия бо Узбакистон нахоҳад буд, ба ҳеҷ ваҷҳ. Аммо дар ҳар сурат ба дунболи ин сафар, агар ду ҷониб ба аҳдофе муштарак даст биёбанд, Тоҷикистон бояд худро барои муқобила бо фишорҳое омода кунад. Ва ин ҷо шакли вокуниши Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Ва муҳим ин аст, ки Тоҷикистон чӣ барги баранда дорад, ки дар сурати зарурат онро рӯи мизи бозӣ бигузорад то шароиташ тағйир кунад?

Ҳамин тавр, агар фарз бар ин шуд, ки манофеъи Тошканд бо Маскав таъвам уфтод ва фишоре эъмол шуд, Тоҷикистон чӣ барги баранде хоҳад дошт? Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, чанд барге, аз ҷумла пойгоҳи низомии Русияро Тоҷикистон дар даст дорад, ки таъкид рӯи он ё дар сурати зарурат кушодани ин барга метавонад Русияро нарм кунад, зеро Русия ба осонӣ наметавонад аз манофеъи истротежики худ бигзарад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ва чанд омили дигаре, ки ҳамчунон метавонанд барги бозанда барои Тоҷикистон бошанд, мақомоти кишвар интизори фишорҳои беш аз ҳадро надоранд.

Коршиносон сафари даҳрузаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба кишварҳои соҳили Балтик ва ҳамин тавр Иттиҳоди Аврупоро талоше барои боз кардани роҳҳои нав ҷиҳати роҳандозии муносибот дар шароити фишорҳои эҳтимолӣ медонанд. Масъалае, ки мақомоти Тоҷикистон аз ибрози он худдорӣ низ намекунанд.

Муҳимтарин омили фишори Узбакистон болои Тоҷикистон роҳи оҳанест, ки аз қаламрави он кишвар убур мекунад. Ва зоҳиран Тоҷикистон ба ин натиҷа расидааст, ки ба ҳар қимате бояд роҳи рақобатии дигаре барои баромадан дошта бошад. Ва ба назари мақомоти Тоҷикистон, ин роҳи оҳани Машҳад, Ҳирот, Мазори Шариф, Колхозобод, Кофарниҳон аст. Роҳе, ки замони сохтмони он ба далели мушкилоти мавҷуд метавонад ба дарозии ин масир тӯлонӣ бошад.
XS
SM
MD
LG