Сенатор Ҷорҷ Митчел фиристодаи вижаи раисиҷумҳури ИМА дар Ховари Миёна таъин шуд. Барак Обама ҳамчунин дипломати маъруф Ричард Ҳолбрукро фиристодаи худ дар Афғонистон ва Покистон баргузид.
Гуфта мешавад, ки ҳарду фиристодаи Обама собиқаи бузурги ҳалли низоъҳоро доранд - Митчел дар раванди сулҳи Ирландияи Шимолӣ нақши калидӣ дошт, Ҳолбрук, собиқ сафари Амрико дар СММ, яке аз таҳиягарони созиши Дейтон маҳсуб мешавад, ки ба ҷанг дар Босния хотима гузоштааст
Қабл аз ин, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама рӯзи панҷшанбеи 22 январ, дастури бастани боздоштгоҳи Гуантанаморо имзо кард. Ба ин тартиб маҳбаси Гуантанамо бояд дар давоми як сол баста шавад.
Тибқи ин дастур шеваҳои зӯроваронаи бозпурсии гумонбаршудагон низ манъ шуд. Дастури дигаре низ дар ин номгӯй мавҷуд аст, ки қонуни пинҳон боқӣ мондани сӯҳбатҳо ва асноди президентҳои пешинаи Амрикоро барқарор мекунад. Ин қонун бойгонии президент ва ноиб-президентҳои собиқро барои 12 сол махфӣ эълон мекард, вале бо дастури Буш мӯҳлат тамдид шуда, шарти изофае ҷорӣ гашт, ки нашри чунин аснод ба иродаи президент ва мақомоти собиқи зидахл бастагӣ хоҳад дошт.
Обама инчунин қоидаҳои марбут ба лоббистҳо ё миёнаравони тарафҳои судҷӯ ва аъзои ҳукуматро маҳдудтар кард ва гуфт, аъзои дастаи ӯ ҳақ надоранд, дар ҳеҷ гуна ширкату созмонҳое, ки дар ду соли охир аз манофеъи онҳо дифоъ кардаанд, вазифаеро бар зимма бигиранд ва ё бо кормандони собиқи ҳукумат равобит дошта бошанд. Дар дидор бо кормандони Кохи Сафед Обама гуфт, "шаффофият ва ҳокимияти қонун асоси президентии ман хоҳанд шуд."
Вале бахши аъзами рӯзи аввали кори Обама дар Кохи Сафед ба сиёсати хориҷии Амрико пайванд гирифт. Вай ба президенти Миср Ҳуснӣ Муборак, сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт, подшоҳи Урдун Абдуллоҳ ва раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос телефон кард ва авзоъ дар Ховари Миёнаро баррасӣ намуд. Сухангӯи Кохи Сафед мегӯяд, "вай аз ин имконият истифода кард, то аз ҳамин аввали давраи раёсатҷумҳурияш пойбандиро ба ширкати фаъолона дар сулҳи арабу исроилӣ нишон диҳад ва умедвориро ба раҳбариву ҳамкории давомдори онҳо таъкид намояд."
Дар мулоқот дар Вазорати умури хориҷии Амрико, Обама ҳамоҳ бо ноибаш Ҷо Байден, мушовири амнияти миллӣ Ҷим Ҷонс ва вазири умури хориҷӣ Ҳилларӣ Клинтон ояндаи фаъолиятҳои дипломатии Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёнаро баҳс хоҳад кард. Гуфта мешавад, ин барномаро ба таври бевосита собиқ раҳбари демократии Сенат, фиристодаи вижа дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл думбол хоҳад кард. Митчал дар давраи раёсатҷумҳурии Билл Клинтон фиристодаи хос дар сулҳи Ирлонди Шимолӣ буд ва дертар ҳамчун раиси кумисюни таҳқиқи хушунатҳо дар Ховари Миёна ба қатъи шаҳраксозии Исроил дар Каронаи Бохтарӣ ва саркӯбии терроризм аз тарафи худи фаластиниҳо даъват мекард.
Обама инчунин бо низомиёни аршад вазъ дар Ироқ ва Афғонистонро баррасӣ кард ва бори дигар ба "хуруҷи бомасъулиятонаи нерӯҳо аз Ироқ" таъкид намуд. Вай ҳамчунин рӯзи панҷшанбе шахсан дари Кохи Сафедро ба рӯи меҳмонон боз карда, онҳоро хайра мақдам гуфт. Мулоқоти ӯ бо ин меҳмонон, ки асосан афроди одӣ ва қисман сайёҳон буданд дар Утоқи Кабуди Кохи Сафед ҷараён гирифт ва бархе аз бозгардони нақши Хонаи Сафед ба Хонаи Мардум буд. "Марҳабо, гардиш кунед, ҳама ҷоро мехоҳед бубинед," гуфт Обама ба онҳо ва афзуд, "аммо ягон чизро нашиканед..."