Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷа ба истеъфо рафт


Эднан Қарабоев, ҳамакнун собиқ вазири хориҷаи Қирғизистон
Эднан Қарабоев, ҳамакнун собиқ вазири хориҷаи Қирғизистон

Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон, Эднан Қарабоев, вазири хориҷаи кишварашро ба истеъфо фиристод.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури ин кишвар дар мавриди истеъфои Эднан Қарабоев гуфтааст, ки вай тибқи моддаи 46 Қонуни асосии Қирғизистон аз мақомаш барканор шуд.

Истеъфои вазири хориҷаи Қирғизистон дар миёни коршиносону таҳлилгарони масоили сиёсии ин кишвар вокунишҳои мухталиферо рӯи кор овардааст. Коршиноси масоъили сиёсӣ Марс Сариев бар ин ақида аст, ки президент Боқиев мақоми вазири хориҷаи кишварашро ба яке аз намояндагони оппозисюн пешниҳод хоҳад кард. Ба гуфтаи Марс Сариев, интизор меравад, ки президент Боқиев аз миёни мухолифони худ нерӯмандтарини онҳоро ба командааш ҷалб хоҳад кард. Ин коршиноси масоъили сиёсӣ афзуд, ба ин васила нерӯи мухолифонаш заиф хоҳад шуд ва дар мусобиқаи интихоботӣ ба курсии раёсати ҷумҳур, ки соли 2010 баргузор хоҳад шуд, баъзе чеҳраҳои намоёни мухолифин ба нафъи президент Боқиев хидмат хоҳанд кард. Бар асоси суханони Марс Сариев вай чунин мешуморад, ки президент ба ин мақом собиқ вазири хориҷа Роза Отунбоева ё яке аз мухолифони қавии худ Бақит Бешимовро таъйин хоҳад кард.

Вале иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки президент Эднан Қарабоевро ба манзури Медет Садирқулов ба истеъфо фиристод, ки раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳуриро бар ӯҳда дошт. Гуфта мешавад, ки ҳамагӣ як ҳафта пеш Медет Садирқулов бо хоҳиши худ аз мақоми раиси дастгоҳи президент истеъфо дода буд. Коршиносон меафзоянд, ки вале истеъфои оқои Садирқулов ва ба истеъфо фиристодани Эднан Қарабоев тибқи як нақша сурат гирифтааст. Ба ақидаи коршиносон, Медет Садирқулов ба мақоми вазири хориҷа шахси арзанда нест ва президент бояд вайро ба ягон идораи дигари калидии ин кишвар раҳбар таъйин намояд.

Бояд гуфт, ки дар ин авохир ноиби нахуствазири Қирғизистон Элмира Иброҳимова ва вазири молияи ин кишвар Ақлбек Ҷафаров низ ба истеъфо фиристода шуданд ва президент Уктамхон Абдуллоева ва Марат Султоновро ба ин вазифаҳо таъйин кард.
XS
SM
MD
LG