Аммо намояндаи хадамоти марзбонии Қирғизистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин иттилоъи хабаргузории «24.kg»-ро беасос номид.
Хабаргузории «24.кg» навиштааст, ки дар рустои Мақсади ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон беш аз 115 хонаводаи тоҷик ғайриқонунӣ мустақар шудаанд. Бино ба ин манбаъ, 630 ҳектор замини марбути қаламрави вилояти Ботканд низ таҳти тасарруфи шаҳрвандони Тоҷикистон қарор дорад. Ин манбаъ гуфтааст, ки дар ҳамин ҳол дасти кам сад минтақаи баҳснок дар миёни ин ду кишвар боқӣ мондааст ва аз ин ҳисоб 70 дарсади онро шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.
Ҳамзамон як корманди дафтари матбуоти хадамоти марзбонии Қирғизистон бидуни зикри номи худ ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ дар ин маврид гуфт, хадамоти марзбонӣ чунин иттилоъ пахш накардааст ва таҳқиқ хоҳад кард, ки хабаргузории «24.кg» ин иттилоъро аз куҷо дастрас намудааст. Ба гуфтаи вай посух ба ин суол берун аз салоҳияти кормандони хадамоти марзбонист, зеро масъалаи мазбур дар сатҳи давлатӣ баррасӣ мегардад.
Аммо қобил ба ёдоварист, ки масъалаи ғасби худсаронаи қаламрави вилояти Ботканд аз тарафи шаҳрвандони кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон соли сипаришуда дар порлумони Қирғизистон матраҳ шуда буд. Яке аз бунёдгузорони ин ғоя депутати Жуқорғӣ Кенеш Мурод Ҷӯраев даъво мекард, ки бар асари ғасби худсаронаи заминҳои таҳти кишти ноҳияҳои Лайлак ва Бодканд аз тарафи сокинони вилояти Суғд садҳо ҳектор замин аз даст рафтааст. Ба гуфтаи депутат Ҷӯраев агар пеши ин маҷро гирифта нашавад, дар ояндаи наздик даҳҳо хонаводаи дигар манзили худро тарк хоҳад кард ва ба минтақаи шимоли кишвараш кӯч хоҳад баст.
Мурод Ҷӯраев ҳамчунин далел оварда буд, ки дар минтақаҳои бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарзи вилояти Бодканд муассисаҳои табобативу таълимӣ намерасанд. Ба гуфтаи депутати порлумони Қирғизистон, ҳамчунин дар шаҳраку рустоҳои ин минтақа ягон таҳфреҳгоҳи фаъол мавҷуд нест, аз ин лиҳоз мардум маҷбур шудааст, ки тарки ҷову манзил кунад.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории «Аки-пресс»-и Бишкек бо истинод ба шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Бодканд гуфтааст, ки дар соли 2008 беш аз 550 сокини он ба қасди пайдо кардани шуғл ё зиндагии доимӣ қаламрави вилояти Бодкандро тарк кардааст. Ин манбаъ меафзояд, ки 160 нафари онҳо барои сукунати доимӣ ба хориҷи кишвар муҳоҷират кардаанд.