Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи “Кураи тиллоӣ”


Маросими шасту шашуми тақдими ҷоизаҳо ба барандагони “Кураи тиллоӣ” - ҷоизаи маъруфи синамои Амрико дар меҳмонхонаи “Бевверли ҳилтон” дар шаҳри миллионерҳои “Бевверли ҳиллз”-и Калифорния баргузор шуд.

Ва дар он ҷоизаи аслиро низ филми “Миллионер аз вайрона”–и коргардони бритониёӣ Дони Бойл баранда шуд. Филми “Милионер аз вайрона” достони зиндагии ятиме дар Ҳинд аст, ки дар даври ниҳоии сабқати “Кӣ миллионер шудан мехоҳад” пирӯз мешавад. Рақибони филми “Миллионер аз вайрона” барои дарёфти ҷоизаи аслии “Кураи тиллоӣ” филмҳои “Хонанда”, “Роҳи таҳаввул” “Фрост бар зидди Никсон” ва “Парвандаи асроромези Банжамин Баттон” буд. Ду филми ахирӣ дар соли ҷорӣ рӯи саҳна омдааст.

“Миллионер аз вайрона” ҳамчунин дар бахши беҳтарин филмнома ва стсенария баранда шудааст. Ва муаллифи сенарияи ин филм Саймон Бофуа беҳтарин филмноманавис эътироф шуд. Ҷоизаи нақши беҳтарини мардона насиби Микки Рурку аз филми “Мубориз” гардид. Рурку дар ин сабқат рақибони худ ҳунармандони маъруф мисли Леонардо Ди Каприо, Фрэнк Ленгел, Брэд Питт ва Шон Пенро пеш гузашт.

Аммо барандаи беҳтарин нақши занона Кейт Уинслет аз филми “Роҳи таҳаввул” номбар шуд. Рақибони Кейт дар ин филм Мерил Стрип, Энн Ҳэтэуэй, Анҷелина Ҷоли ва Кристин Скот Томас буданд. Кейт дар ин филм нақши асосиро якҷо бо Леонардо Ди Каприо бозидааст.

Дар бахши беҳтарин филми маҳзака барои дарёфти “Кураи тиллоӣ“ филмҳои “Викки Кристина Барселона", “Мамма миа”, "Хоб дар қаъри Брюгге”, “Пас аз хондан оташ занед” ва “Бо амри тасодуф” вориди рақобат шудаанд. Аммо пирӯзӣ дар ин сабқат насиби “Вики Кристина Барселона” - филми коргардон Вудди Аллен шуд ва он беҳтарин филми мазҳакавии соли 2008 ва барандаи “Кураи тиллоӣ” элон гардид.

Дар ҳоле, ки Исроил дар Ғаззаи Фаластин бар зидди гурӯҳи Ҳамос ҷанг дорад, филми тасвирии исроилии “Валс бо башир”, ки воқеаҳои ҷанги соли 1982 Исроилу Лубнонро ба тасвир кашидааст, беҳтарин филми ҷоизаи “Кураи тиллоӣ” забони хориҷӣ дониста шуд. Ин филми тасвирии исроилӣ аз филмҳои рақиби худ аз Фаронса, Италия, Олмон ва филми муштараки тавлиди Шветсия ва Данияро пеш гузаштааст:

Дар соли 2008 бар тибқи баҳогузории доварони ҷоизаи “Кураи тиллоӣ” беҳтарин сериали телевизионӣ филми “Ҷон Адамс” дониста шуд. Ин филми бисёрсериягӣ аз зиндагиномаи як нафар аз муаллифони Эъломияи истиқлоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақл мекунад. Филм дар ширкати телевизионии “Ҳоум Бокс Оффис” тавлид шудааст.

Дар бахши беҳтарин суруд барои филмҳо асари мусиқии Брюс Спрингстин барои филми ҳамноми “мубориз” баранда гардид. Ҷараёни баргузории маросими тақдими ҷоизаҳои “Кураи тиллоӣ” мустақим дар 160 кишвари ҷаҳон пахш шуд. “Кураи тиллоӣ” ҷоизаи Анҷумани матбуоти хориҷии Ҳоливудд аст, ки дар он анҷуман 90 журналистони муқими Калифорния муттаҳид шудаанд, ки дар бораи синамои Амрико дар матбуоти хориҷӣ менависанд.

Ҷоизаи “Кураи тиллоӣ” тамрини ғайрирасии қабл аз эъломи номзадҳо барои дарёфти ҷоизаи “Оскар”, ҷоизаи Академияи санъати филмофарии Амрико номбар мешавд. Зеро маъмулан барандагони ҷоизаи “Кураи тиллоӣ” дар дарёфти ҷоизаҳои “Оскар” муваффақ будаанд. Ва имрӯз 12 январ мӯҳлати қабули дархости аъзои Академияи филмсозии Амрико барои мушаххас кардани номзадҳо ҷиҳати дарёфти ҳайкалчаҳои тиллоии “Оскар” ба анҷом мерасад. Номзадҳои барои ҷоизаи “Оскар” 22 январ ва барандагони он як моҳ ба баъд эълон хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG