Ин нукта дар гузориши раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов дар ҷаласаи солонаи ин кумита, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, таъкид шуд. Вай афзуд, варзишгарони тоҷик соли 2008 дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байнулмилалӣ 217 медал ба даст оварданд, ки ин нисбат ба соли 2007 - 37 адад бештар аст.
Паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев дар Бозиҳои олимпии Пекин дар сабқати гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид. Медали дуввуми Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов ба даст овард. Вай дар сабқати гуштии озод дар вазни то 84 кг бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Дар ҷаласаи солона ба беҳтарин варзишгарони соли 2008 мукофоти пулии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон супурда шуд. Аз ҷумла гуштигирон Юсуф Абдусаломов ба маблағи 9000 сомонӣ ва Расул Боқиев – 7000 сомонӣ, муштзанҳо Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, гурзандоз Дилшод Назаров ҳар кадом ба маблағи 2500 сомонӣ сарфароз гардиданд.
Инчунин мураббиёни беҳтарини сол бо ҷавоизи пулии кумита қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, ба ду нафари онҳо - Сулаймон Абдусаломов оид ба гуштии озод ва Владимир Елчанинов оид ба дзюдо, ки шогирдонашон барандагони медалҳои олимпӣ гардидаанд, 2000 сомонӣ супурда шуд.