Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори ваҳшиёнаи ноболиғон


Се нафар ноболиғи аз 8 то 13-сола аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон қурбони ҳамлаи ваҳшиёнаи марди 50-сола гардиданд.

Ахиран Замираи 8-сола, Шамсиддини 10-сола ва Фахриддини 13-сола, аз хонаводаи Хоҷаматовҳо, ки дар деҳаи Сомонии ҷамоати Намунаи ноҳияи Панҷ, дар 220-километрии ҷануби Душанбе, мезистаанд, ҳадафи ҳамлаи ҳамсояи худ қарор гирифтаанд. Ҳуввияти қотилро мақомоти умури дохила ошкор кардаанд, ки Мамадрасул Давронов сокини дигари ҳамин русто будааст.

Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, вай субҳи барвақт ба манзили зисти Хоҷаматовҳо пинҳонӣ ворид шуда, ба кўдаконе, ки ҳанўз дар хоб будаанд, бо табар ба косахонаи сарашон кўбидааст. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои сангин, Замира ва Шамсиддини хурдсол дар бемористони маҳаллии ноҳияи Панҷ ба ҳалокат расидаанд. Вазъи сиҳҳатии фарзанди саввуми Хоҷаматовҳо - Фахриддини 13-соларо низ пизишкон сангин арзёбӣ мекунанд.

Ҳодисаи мазкур дар ҳоле сар задааст, ки падари ноболиғони ҳалокшуда дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебарад.
Дар раёсати умури дохилаи Хатлон ҳамчунин гуфтанд, ки Мамадрасул Давронов пас аз ҳамла ба кўдакон ба манзили худ баргашта, ҳамчунин ҳамсараш Раҷабгул Давроноваро ба ноҳияи чапи сараш бо табар зарба мезанад ва ў низ бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон мунтақил мешавад.

Дар мавриди сабаби ҳамла ва қатли ноболиғон мақомоти интизомии Хатлон ҳанўз ҳеҷ фарзияи расмӣ ва тасдиқшудаеро ироа намекунанд. Аммо тибқи фарзияи пешакӣ, ҳамлаи Мамадрасул Давронов бар асоси хусумат ва рашки оилавӣ бар ҳамсараш ва падари ноболиғони кушташуда сурат гирифтааст.

Дар пайи ҳамла ба кўдакону завҷааш Мамадрасул Давронов нахуст бо ҳадафи фирор аз муҷозот аз маҳалли ҳодиса паноҳ мебарад ва пасон ҷасади ўро бо захми корд дар даромадгоҳи ноҳияи Панҷ пайдо мекунанд. Мақомот мегўянд, қотили Мамадрасул Давронов худи ў будааст, ки бо корди дасташ ба шикамаш се маротиб задааст.

Таҳлилгарон ва ҷомеашиносон бо таваҷҷўҳ ба содир шудани чунин навъи ҷиноёт, мегўянд, мушкилоти иҷтимоию маишӣ, нодорию дасткўтаҳӣ солҳои ахир ба рўҳу равони мардум латма зада, зимнан, шуморе ба бемории асабонияти шадид печидаанд. Ҳамин гуна, ба бовари ҷомеашинос Хайруллоҳи Давлат, ҳодисаи қатли ноболиғон дар ноҳияи Панҷ бар пояи ваҳшоният, харобии системаи асаб ва идора карда натавонистани худи қотил рўй додааст.

Ба иттилои мақомоти интизомии Хатлон, бо кушта шудани ду ноболиғ дар ноҳияи Панҷ, шумори умумии дар соли 2008-ум қасдан ба қатл расидагон дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон ба 18 нафар расидааст. Афроди мақтул асосан бо бераҳмии махсус ва аз ҳиссиёти авбошӣ кушта шудаанд, ки дар миёни онҳо кўдакону наврасон низ будаанд.

XS
SM
MD
LG