Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти варзиши тоҷик дар соли 2008


Охирин маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар соли 2008 ба бурду бохти варзиши тоҷик дар мавсими имсола бахшида шудааст.

Меҳмони барномаи мо Баҳруллоҳ Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар бораи натиҷаҳои ба даст овардаи варзишгарони кишвар дар бузургтарин чорабинии варзишии соли 2008 - Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин - шаҳри Пекин - доир гардиданд, нақл мекунад.

Баъдан сӯҳбате дорем бо беҳтарин варзишгарони сол Юсуф Абдусаломов (гуштии озод), Расул Боқиев (дзюдо), Ҷаҳон Қурбонов (бокс), Дилшод Назаров (гурзандозӣ) ва Шаҳло Муҳаммадраҳимова (таэквон-до ITF).

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG