Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбусони афғонро ба ватанашон мефиристанд


Бар асоси созишномае, ки миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба имзо расид, акнун маҳкумшудагон аз ҷумлаи шаҳрвандони ду кишвар метавонанд ба ихтиёри кишвари худашон бозпас дода шаванд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки агар дар ҳудуди Афғонистон ҷиноят карда бошанд ва шаҳрвандони Афғонистон, ки дар ҳудуди Тоҷикистон боздошт шудаанд, танҳо баъди судури ҳукми додгоҳ метавонанд ба кишвари якдигар бозпас фиристода шаванд, то иҷрои ҷазои маҳкумиятро сипарӣ кунанд.

Сайидмуҳаммади Хайрхоҳ, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе гуфт, бо имзои ин санад сар аз имрӯз, 24 декабр, созишномаи миёни Тоҷикиситон ва Афғонистон дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо мадори эътибор шуд ва ба ҳукми амал медарояд. Ин Созишнома миёни ду кишвар дар соли 2006 ба имзо расида буд, ки ахиран аз суи порлумонҳои ду кишвар низ ба тасвиб расидааст.

Оғои Хайрхоҳ дар мавриди теъдоди зиндониёни афғон дар ҳудуди Тоҷикистон гуфт, дар феҳрасте, ки мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, 228 шаҳрванди Афғонистон дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки феълан шояд теъдодашон бештар аз ин бошад. Дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар бораи теъдоди зиндониёни тоҷик дар Афғонистон маълумоти мушаххасе дарёфт нашуд.

Ба гуфтаи масъулини умури хориҷаи Тоҷикистон, акнун вазоратҳои адлияи ду кишвар муваззаф хоҳанд шуд, усул ва замони иҷрои ин созишномаро мушаххас кунанд.
XS
SM
MD
LG