Мутахассисон изҳори ақида мекунанд, ки дар давоми соли оянда ИМА қасд дорад шумораи сарбозонашро то 60 ҳазор нафар афзоиш диҳад. Фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Дэвид Маккейрмен аз Кохи сафед ҳадди ақал чор бригадаи ҷангӣ ва ҳазорон нафар нерӯи кӯмакрасон дархост намудааст, ки ин ба 25 то 30 ҳазор сарбозӣ иловагӣ баробар мебошад. Дар айни замон дар Афғонистон дасти кам 32 ҳазор нерӯи артиши Амрико мустақар аст.
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки қариб тамоми соли ояндаро мақомоти Вошингтон ба афзоиши ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон сарф хоҳанд кард, чун ки ин кори осон нест ва чунин нерӯи бузургро намешавад ба якбораги аз як ҷо ба дигар ҷо интиқол дод.
Ҳамин тавр эъзоми нерӯҳо ҳафтаҳои оянда оғоз мегардад ва нахустин шуда, ба онҷо бригадаи севуми артиши Амрико ва лашкари 10-ми кӯҳӣ фиристода мешаванд. Интизор меравад ки қисмҳои 82 юм бригадаи неруҳои ҳавоӣ баҳори соли 2009 дар Афғонситон ҷойгир мешавад. Ва танҳо баъд аз ин яъне тобистони ҳамон сол боз ду бригадаи ҷангии дигар вориди он кишвар мегарданд.
Таърихи эъзоми бригадаи чаҳоруми ҷангӣ то ҳол маълум нашудааст аммо намояндагони Пентагон тахмин мезананд ки шояд ин бригада охирҳои соли 2009 дар Афғонистон мустақар хоҳад шуд.