Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти норавшани шабакаи "Орима"


Метю ле Блан, масъули дафтари Бонки Аврупоии Бозсохт ва Тавсеъа дар Душанбе, мегӯяд, бонкаш ҳамкории худ бо ширкати “М&P” ё шабакаи силсилафурӯшгоҳҳои “Орима”-ро идома медиҳад.

Дар ҳоле ки як сол пеш Додгоҳи олии Тоҷикистон мудири ин ширкатро бо иттиҳоми фурӯхтани моли мӯҳлати истифодааш сипаришуда ва пешниҳоди ришва ба мақомоти амниятӣ ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум карда буд.

Метю ле Блан гуфт, “ҳанӯз бо “Орима” ҳамкорӣ дорем ва фаъолияти онро баҳс мекунем. Зеро миёни мо ва “Орима” ҳич мушкил мавҷуд нест”.

Оқои ле Блан мегӯяд, онҳо аз ҷараёни додгоҳии Маъруф Орифов, раҳбари ширкати “Орима”, низ огоҳ буданд ва дидаанд, ки чӣ қадар мақомот барои зиндонӣ кардани ӯ далели кофӣ рӯйи даст надошт:

“То ҳанӯз нафаҳмидаам, чаро бо Маъруф Орифов чунин як ҳодиса рух дод. Барои он ки вай хуб кор мекард. Ҳатто дар додгоҳ санади иттиҳомоти алайҳи ӯ қонеъкунанда набуд. Дар додгоҳ чи гузашт, мавзӯъи дигар аст, вале мо таваҷҷӯҳ дорем. Зеро он ба кори ширкат рабт мегирад. Албатта, мо ҳаққи мудохила кардан ба кори додгоҳҳои Тоҷикистонро надорем, аммо ҳоло талош дорем, ки бо ин ширкат кор кунем ва онро пуштибонӣ намоем”.

Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон Маъруф Орифов, раҳбари ширкати “Орима”-ро барои сарпечӣ аз пардохти молиёт, таҳияи асноди тақаллубӣ ва додани ришва муттаҳам карданд.

Вале Метю ле Блан, масъули дафтари Бонки Аврупоии Бозсохт ва Тавсеъа дар Душанбе, мегӯяд, онҳо медонанд, ки ин ширкат ҳоло ва дар гузашта низ куллия ӯҳдадориҳояш пеши саҳмдорон ва давлатро ба иҷро расонида, молиёт ё андози давлатро ҳам пардохт кардааст.

Метю ле Блан мегӯяд, зиндонӣ шудани Маъруф Орифов ба коҳиши фаъолияти ширкати “M&P” сабаб шуда ва коршиносони бонк ин тарҳро чандон муваффақ намедонанд. Дар канори ширкати “M&P” оқои ле Блан аз ширкатҳои “Хуҷанд пекеҷинг” ва “Оби Зулол” низ ном бурд. Вале, ба гуфтаи ин масъули Бонки Арупоии Бозсохт ва Тавсеъа, ин тарҳҳоро наметавон комилан номуваффақ донист.

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ӯ, бонкаш ният надорад, ки бо ширкатҳои бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла "Талко" ҳамкорӣ кунад. Вай азфуд, «дар робита ба "Талко" чизе гуфтан мушкил аст. Вале медонам, ки бо "Талко" ҳанӯз ҳамкорӣ намекунем. Зеро натоиҷи кораш рӯшан нест ва мо дақиқ намедонем, ки дар дохили "Талко" чи мегузарад. Ҳоло мо барои ҳамкорӣ бо "Талко" омода нестем”.

Метю ле Блан бо ишора ба тақдири раҳбари ширкати “Орима”, ки ба ҷуз дигар манобеъ бо ҳудудан 5 ҳазор доллари Бонки Аврупоии Бозсохт ва Тавсеъа низ сармоягузорӣ мешавад, мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон ҳанӯз як фазои мусоид барои ҳамкорӣ бо сармоягузоронро фароҳам накардааст.

Ба таъкиди оқои ле Блан, сармоягузорон на аз он метарсанд, ки аз сармоягузории худ дар Тоҷикистон фоидаи ҳангуфт ба даст намеояд, балки бештар аз он метарсанд, ки сармояашон ба “ҳаво” наравад.
XS
SM
MD
LG