Таҳиягари маъруф, 18-уми декабр изҳор намуд, ки бештари вакилон ба анҷуман ғайриқонунӣ интихоб шудаанд.
Дар нишасти ғайринавбатии Раёсати Иттиҳодияи синамогарони Русия 49 нафар аз баргузории анҷумани 7-ум пуштибонӣ карданд. Вале ба гуфтаи Н. Михалков, дар ҳоле, ки ба Иттиҳодия 450 таҳиягари синемо шомиланд, дар нишасти раёсат фақат 158 нафар ширкат доштанд ва ҳамагӣ 60 кас райъ доданд. Михалков меафзояд, тибқи ойиннома, дар тасмимгирӣ бояд дастикам 50 дарсади аъзои Иттиҳодияи синемогарон ширкат мекарданд.
Дар анҷуман бояд раиси нави Иттиҳодияи синемогарони Русия интихоб шавад. Анҷуман бояд аз миёни чаҳор довталаб – Карен Шоҳназаров, Александр Роднянский, Марлен Хутсиев ва Михаил Пореченков якеро раиси нави Иттиҳодия интихоб кунад.
Ихтилоф дар Иттиҳодияи синемогарони Русия чандин сол боз идома дорад ва коршиносон инро бо тарзи раҳбарии Михалков ва нигарониҳо аз коҳиши мустақилияти синемои Русия марбут мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Н. Михалков ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ аз ҳама талошҳои қонунӣ хондани анҷумани синемогарон ҷилавгирӣ хоҳад кард.
Никита Михалков, ки сарварии Иттиҳодияи синемогарони Русияро аз соли 1997 ба ин сӯ бар дӯш дорад, аз дӯстони сарвазир Владимир Путин маҳсуб мешавад. Соли гузашта ӯ дар 55-умин зодрӯзи Путин дар бораи раисҷумҳури вақт филми телевизионӣ ба навор бардошт ва баъдан аз номи Итиҳодияи синемогарон номае таҳия кард, ки дар он аз Путин даъват мешуд даври севум ҳам раҳбари кишвар боқӣ монад, ҳарчанд Қонуни асосии Русия ба ин комилан мухолиф аст.
Дар нишасти раёсати ҳукумати Русия 15-уми декабр Путин эълом дошт, ки ӯ гурӯҳи ҳукуматии машваратӣ оид ба тавлиди киноро сарварӣ хоҳад кард. Таъсиси гурӯҳи ҳукуматии машваратӣ оид ба тавлиди кино пешниҳоди муштараки Владимир Путин ва Никита Михалков астд.
Таҳлилгарон бар инанд, ки дар даҳ соли ахир кинои Русия тавонист аз буҳрони шадид раҳо шавад. Имсол се филми тавлиди Русия, аз ҷумла филми Никита Михалков “Дувоздаҳ”, барои дарёфти ҷоизаи “Оскар” пешбарӣ шудаанд. Соли 2007-ум дар Русия тақрибан 250 филм рӯи навор омад, ки беш аз 100-тои онҳо комилан ё қисман аз сӯи ҳукумати Русия маблағгузорӣ шудаанд. Шабакаҳои телевизионии таҳти назорати ҳукумати Русия низ навори филмҳоро сармоягузорӣ мекунанд.
Дар ҳоле, ки бархе аз таҳиягарон аз таваҷҷуҳи ҳукумат ба синемо шоданд, иддаи дигар аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки кино чун замони шӯравӣ ба тадриҷ ба як силоҳи идеологӣ табдил мешавад.