Ин ҳизб, ки раёсати онро Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, бар уҳда дорад, аз ин ҷараёноти маҳзабӣ ҳамчун гурӯҳҳои ғайриқонунии тундгаро ном бурда, вуҷуди онҳоро хатар ба амнияти миллӣ ва давлат арзёбӣ кардааст.
Даъвати Ҳизби халқӣ-демкоратии Тоҷикистон аз куллия нерӯҳои сиёсӣ ва ҷомиъаи кишвар ҷиҳати мубориза алайҳи гурӯҳҳои ғайриқонунии мазҳабии «Ҳизбуттаҳрир», «Байъат» «Аҳмадия» ва «Салафия» дар ҳоле садо медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар чанде аз суханрониҳои ахири худ, бидуни зикри номи мушаххасе, аз ин равияҳо ба унвони авомили хориҷӣ ва тафриқаангез ҳарф задааст.
Аммо барои шиносоии ин равияҳо ва махсусан гурӯҳи «Салафия» ба унвони омили хатар ва таҳдид дар ҷомиъаи кишвар нахуст рӯҳониёни суннатии кишвар иқдом карда буданд. Давлаталӣ Давлатзода, муъовини аввали раиси ҲХДТ, гуфт, ки бар пояи маълумот ва ахборе, ки дастраси онҳост, амал ва фаъъолияти ин гурӯҳҳо оромӣ ва суботи кишварро зери хатар мегузорад. Аз ин рӯ ин, меафзояд ӯ, ҳизб ба ҳайси як нерӯи сиёсии қавӣ дар кишвар аз бақияи нерӯҳои сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, даъват кардааст, ки ҷиҳати мубориза бо гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, ки нийяти ноором кардани авзоъи сиёии кишварро доранд, ҳамкорӣ дошта бошад.
Оқои Давлатзода, бидуни зикри мавориди мушаххасе, аз аъмоли хилофи қонуни ин равияҳо боз ҳам таъкид кард, ахбор ва маълумот дар даст доранд, ки амалкарди ин гурӯҳҳо бо қавонини ҷории кишвар мутобиқат намекунад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти ҲНИТ на ба ҳама гурӯҳҳое, ки аз сӯи ҲХДТ ба ҳайси тундгаро ва хатарофар муаррифӣ мешаванд, розианд. Ва низ аз ин шеваву усули пешниҳодии мубориза бо ҷараёноти ғайриқонунии мазҳабӣ пуштибонӣ намекардаанд. Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи ҲНИТ, гуфт, ки мавҷудияти равияе ба номи «Байъат» бофтаи тахайюл аст ва мубориза бо «Салафия» низ бояд на аз роҳи зӯриву ҳабсу маҳкумият, балки дар доираи муколима ва ҳидоят кардани онҳо ба роҳи рост сурат бигирад.
Аммо Раҳматуллоҳ Раҳматов, яке аз пайравони мазҳаби «Салафия» дар Тоҷикистон, гуфт, ки аъмоли ин гурӯҳ дар доираи қонунҳои кишвар сурат мегирад ва, агар бо тағйири Қонуни озодии эътиқод ва ташкилоти динӣ фаъъолияти ин равия мамнӯъ эълон шавад, онро риоят хоҳанд кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон, аз ҷумла таҳлилгари масоили маҳзабӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, бар ин назаранд, ки ҳизби халқӣ-демократӣ ба сифати ҳизби ҳоким бо таъхир ба як чунин иқдоми дуруст даст задаст. Вале оё ин ҳизб дар амри мубориза ба равияҳои тундравӣ динӣ, ки бар пояи ақида устувор аст имконот ва нерӯи зеҳнии зарурӣ дорад, ҳанӯз суъол аст. Аз ин хотир, таъкид мекунад ӯ, барои ҳизби халқӣ-демократӣ ҳамкорӣ бо рӯҳониюни бонуфузи суннатӣ дар ин роҳ муҳимм ва муфид хоҳад буд.
Давлаталӣ Давлатзода бошад мегӯяд даъвати ин ҳизб ба аҳли ҷомиъаи кишвар тааллуқ дорад, зеро фаъъолияти гурӯҳҳои тундгарои мазҳабӣ, ки умдатан аз хориҷи кишвар таҳрик шуда ва дар ҷомиъа густариш пайдо мекунанд, барои амнияти миллат ва давлат хатар эҷод хоҳанд кард.
ҲХДТ аз нерӯҳои сиёсии кишвар даъват кардааст, ки алайҳи гурӯҳҳои ғайриқонунии мазҳабии тундрав муборизаро тақвият диҳанд.