Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиносоӣ шудани ҳувияти тоҷики кушташуда дар Маскав


Тайи солҳои ахир шумори кушташудагон аз дасти миллатгароёни рус меафзояд
Тайи солҳои ахир шумори кушташудагон аз дасти миллатгароёни рус меафзояд

Мақомоти додситонии вилояти Маскав мегӯянд, ҳуввияти шаҳрванди сарбуридаи Тоҷикистон шиносоӣ шудааст.

Анна Жукова, ёвари додситони вилояти Маскав, ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба қатли шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов бо иттиҳоми “куштор” парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст ва дар ҳоли ҳозир тафтиш идома дорад.

Хонум Жукова аз ҷониби мақомоти додситонӣ бозпурсӣ шудани Дмитрий Демушкин ва Александр Белов, раҳбарони ду гурӯҳи қавмгарои рус, мавсум ба Иттиҳоди славянӣ ва Ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонуниро тасдиқ кард ва гуфт, тафтишот мехост, ин ду нафар ҳама маълумоти доштаи худ дар бораи ин куштори намоиширо дар ихтиёри мақомот бигузоранд. Анна Жукова афзуд, мақомот то ин соат сабаби қатли шаҳрванди Тоҷикистонро дақиқан маълум накардааст, вале фарзияи дар заминаи адовати қавмӣ анҷом шудани ин ҷиноятро низ таҳқиқ мекунад.

Салоҳиддин Азизов, ки дар як амбори меваҷот дар вилояти Маскав ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6 декабр, ҳамроҳ бо як ҳамватанаш дар роҳи бозгашт аз ҷойи кор дар ҷангалзори атрофи рустои Жабкино ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ бо туфангчаҳои пневматикӣ қарор гирифтанд. Шарики Салоҳиддин бо вуҷуди тир хӯрдан аз чаккаи сар тавонист фирор кунад.

Хешовандони Салоҳиддин Азизов баъди чанде аз ҷойи ҳодиса танҳо ҷасади бесари ӯро пайдо мекунанд. Сари буридаи мақтул баъди чанд рӯз аз як қуттии ахлот дар ҳошияи идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав кашф шуд.

Чанд дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла Дафтари ҳуқуқи башари Маскав ва маркази «Сова» субҳи душанбеи 8 декабр тавассути почтаи электронӣ акси каллаи буридаи Салоҳиддин Азизовро ҳамроҳ бо як нома дарёфт карданд. Галина Кожевникова, муовини раиси маркази Сова дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нома масъулияти ҳамларо гурӯҳи мавсум ба “Созмони ҷангии қавмгароёни рус бар дӯш гирифта, ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи ишғоли Русия аз сӯи мардуми ғайр номидаанд.

Галина Кожевникова қатли намоишии шаҳрванди тоҷикро баёнгари то чӣ андоза густох шудани гурӯҳҳои қавмгаро дар кишвар номида, мегӯяд, мақомоти Русия бояд кайҳо ва ҷиддан ба ин масъала мепардохтанд, вале акнун, тавре ба назар мерасад, кор аз кор гузаштааст.

Ҳамсола садҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ озими Русия мешаванд. Бино ба омори расмӣ, тайи танҳо 10 моҳи аввали соли 2008 ҷасади 322 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бо ишора ба саҳми муҳоҷирини тоҷик дар иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Душанбе нафақат дар сухан, балки бояд дар амал низ аз ҳаққи атбоъи аз ватан дурафтодаи худ дифоъ кунанд.

Галина Кожевникова аз маркази Сова мегӯяд, дар ин авохир бо талоши мақомоти алоҳидаи тафтишотии Русия яхи мубориза алайҳи гурӯҳҳои қавмгаро ва таҳқиқи ҷиноёти дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ анҷомшуда каме аз ҷой ҷунбидааст, вале пирӯзӣ дар ин мубориза танҳо замоне ба даст хоҳад омад, ки ҳам ҷомиа ва ҳам раҳбарияти сиёсии Русия ҷиҳати аз байни бурдани бегонаситезӣ ирода нишон дода ва аз як гиребон сар бароранд.

Мақомоти Русия ахиран хабар доданд, ки дар соли равон танҳо дар шаҳру вилояти Маскав ва дар Санкт-Петербург фаъолияти 12 гурӯҳи скинҳед ва қавмгароро хунсо кардаанд.

Шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов замоне чунин густохона ва намоишкорона кушта шуд, ки қарор аст, додгоҳи Маскав рӯзи 15 декабр ҳукми аъзои гурӯҳи пурсарусадои Артур Риноро, ки дар 20 куштор ва 12 қасди куштори афроди ғайрирус, бо шумули шаҳрванди 26-солаи тоҷик Хайруллоҳ Содиқов муттаҳам мешаванд, эълон кунад.
XS
SM
MD
LG