Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми ҳунармандон алайҳи шиканҷаи маҳбусон


Гурӯҳи ҳунармандони ғарбӣ мухолифи пахши мусиқиву таронаҳо дар боздоштгоҳҳои ИМА, аз ҷумла дар боздоштгоҳи Гуантанамо, садо баланд кардаанд.

Низомиёни амрикоӣ мегӯянд, ки онҳо маъмулан аз мусиқӣ ва оҳангҳо барои раҳгум задани дастгиршудаҳо ва барои эҷоди тарс дар дили онҳо истифода мекунанд. Хабари мазкур дар ҳоле пахш мешавад, ки дар Амрико мурофиаи муқаддамотии панҷ муттаҳам дар ташкили ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001-и шурӯъ шудааст.

Ин намунае аз оҳангҳоест, ки дар боздоштгоҳҳо истифода мешавад, аз ҷумла, ба гӯши боздоштшудаҳо пораҳое аз оҳангҳои филмномаҳои маъруфи кӯдакон ба мисли Barney ва Sesame Street низ навохта мешавад. Як созмони мудофеи ҳуқуқи боздоштшудаҳо дар Бритониё бо исми рамзии Reprieve (аз англисӣ: "муҷозоти касеро ба таъвиқ андохтан") аввалин шуда бо тақозои адами истифодаи оҳангҳо дар ҳангоми бозпурсиҳо садо баланд кардааст. Ин созмон мегӯяд, мухолифи ин аст, ки оҳангу таронаҳо бо ҳадафи шиканҷа ва ба қавли низомиён - "хомӯш" кардани маҳбусон истифода шавад.

Клои Дейвис, як масъули созмони Reprieve мегӯяд: "Мавридҳое мешавад, ки одамон дар шаклҳои фишоровар қарор дода мешаванд: аксар вақт дастони онҳо ба замин занҷирбанд шуда дар торикии тамом, аммо бо чароғҳои фавқулодда фурӯзон ва дар ҳарорати аз ҳад зиёд гарм ё сард соатҳо ё рӯзҳои тӯлонӣ нигаҳдорӣ шуда садои мусиқӣ хеле баланд ба гӯши онҳо пахш мешавад. Одатан зиндониёне, ки мо бо онҳо ҳамсӯҳбат мешавем, мегӯянд, ки баъди як муддат онҳо эҳсос мекунанд, ки ақли худро аз даст медиҳанд".

Созмони мудофеи ҳуқуқи зиндониён Reprieve мегӯяд, ки таҷрибаи мазкур нав нест. Бритониё дар солҳои 1970-ум дар нисбати зиндониёни ирландӣ як муддат аз ҳамин гуна методи пахши аз ҳад баланди мусиқӣ истифода мекард. Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ҳукм кард, ки ин шева ва методҳои дигари бозпурсӣ, аз ҷумла, аз хоб маҳрум кардани зиндониҳо низ ғайриинсонӣ ва таҳқиромез аст, аммо бо ин вуҷуд, ба категорияи шиканҷа шомил намешавад.

Соли 2003 низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ҳақ доштанд, ки аз мусиқӣ ба унвони як василаи дигари фишороварӣ болои боздоштшудаҳо истифода кунанд. Фармондеҳи вақти ин нирӯҳо Рикардо Санчез гуфта буд, ки аз ин метод ба хотири эҷоди тарсу ваҳм ва гумроҳ кардани боздоштшудаҳо истифода мешавад.

Дар сӯҳбат бо Ассошейдед Пресс адмирал Дейвид Томас, фармондеҳи боздоштгоҳи муваққати Гуантанамо гуфт, ки дар айни замон аз методи пахши баланди мусиқӣ барои шиканҷаи маҳбусон истифода намекунанд. Ин маънои онро дорад, ки эҳтимолан дар оянда аз он дубора истифода шавад. Адмирал Томас дар миёни афсарони баландпояи Гуантанамо буд, ки бархе аз бахшҳои ин боздоштгоҳро ахиран ба хабарнигорон намоиш дод. Дар сӯҳбат бо Ройтерс ҳарчанд вай ба масъалаи шиканҷа тавассути мусиқӣ муроҷиат накард, аммо гуфт, ки нисбати боздоштшудаҳо ин ҷо "инсонвор" муносибат мешавад.

"Баъзе одамон дар бораи Гуантанамо тасаввуроти ғалат доранд. Ин як воқеият аст. Аммо ба андешаи ман, ҳар кас, ки ин ҷо омада ба боздоштгоҳ назар мекунад ва амалан дарк мекунад, ки ин ҷо чӣ мегузарад, метавонад баъдан бар сари сиёсати нигаҳдории зиндониҳо ва заминаҳои ҳуқуқии ин масъала қазоват кунад. Ва ин ҳама баҳсҳои муҳим ва баҳсҳои муҳими сиёсие аст, ки метавонад мавриди баррасӣ қарор гирад. Танҳо чизе, ки набояд мавриди баҳс қарор дода шавад, ин шароити нигаҳдории зиндониҳо мебошад. Онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, дар шароити амн ва инсонӣ нигаҳдорӣ мешаванд".

Аммо на ҳама овозхонҳо мухолифи ин будаанд, ки оҳангҳои онҳо дар ҷараёни бозпурсиҳо истифода шавад. Таблнавоз Стив Бентон, ки гурӯҳи ҳунарии вай (Drowning Pool) аз вуруди нирӯҳо ба Ироқ тарафдорӣ кардааст, ду соли пеш гуфт, ки барояш боиси ифтихор аст агар бидонад, ки ҳадди аққал таронаҳои ӯ аз такрори кадом як ҳамлаи шабеҳи 11 сентябр ҷилавгирӣ кунад. Панҷ марде, ки барои ташкили ҳамлаҳои соли 2001 муттаҳам мешаванду то имрӯз дар Гуантанамо ба сар мебурданд, ҳафтаи ҷорӣ дар як мурофиаи муқаддамотии додгоҳӣ ҳозир шуданд.
XS
SM
MD
LG