Ашъор, достон, қасидаҳо, панду ҳикматҳо ва рубоиёти шоир бо забонҳои форсӣ ва англисӣ чоп шуд. Ин нахустин баргардони осори Рӯдакӣ ба забони англисӣ нест, аммо ин нахустин гузинаи тарҷумаи осори Рӯдакист, ки дар 135 саҳифа ба шакли китоб дар Амрико ба нашр расидааст.
Дар ин китоб, ки “Падари сурудҳо” ном гирифтааст ва аз ҷониби нашриёти Purdue University Press чоп шудааст, беҳтарин намунаҳои ашъори Рӯдакӣ гирд оварда шудааст. Тарҷумаи ин ашъор ба қалами профессори Донишгоҳи Бостон, мутарҷим ва шоир Сосони Таботабоӣ тааллуқ дорад.
Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ профессор Таботабоӣ гуфт, дер боз ба эҷодиёти Рӯдакӣ таваҷҷӯҳи вижа зоҳир мекунад ва рисолаи докториаш низ ба ашъори ин шоъири бузург бахшида шуда буд.
Сосони Таботабоӣ гуфт, ашъори Рӯдакӣ қаблан дар ин ё он китоб ба шакли парешон чоп шудааст, аммо дар шакли маҷмӯъа ба забони англисӣ то ба ҳол нашр нашуда буд.
Ба ақидаи профессор Таботабоӣ, баргардони шеъри Рӯдакӣ ба забони англисӣ кори осон нест. Муаллифи китоб изҳори умедворӣ намуд, ки ба хонандагони англисзабон ашъори Рӯдакӣ писанд меояд.
Ҳафтаи ҷорӣ китоби “Падари сурудҳо” дар бузургтарин мағозаҳои Амрико ба фурӯш баромад ва онро ҳамчунин мешавад аз тариқи Интернет низ харидорӣ кард.