Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консепсияи нави сиёсати давлат оид ба дин


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон, фарорасии иди Қурбон дар Тоҷикистонро ба мардуми кишвараш табрик кард. Зимни ироаи ин паём, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ мунташир шуд, президент иди Қурбонро аз маросимҳои мубораки мусалмонон ва аз суннатҳои писандидаи онҳо унвон кард. Як нуктае, ки дар паёми президент таъкид шуд, омодагиҳо бар таҳияи «Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин» буд, ки қарор аст соли оянда қабул шавад. Оқои Раҳмон дар бораи ҷузъиёти он тавзеҳи бештар надод.

Вале ӯ ҳамзамон гуфт, ки таҳрири нави Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» идома дорад, ки бо поёни мӯҳлати муҳокимаи ҳамаҷониба ба Маҷлиси намояндагон ирсол хоҳад шуд.

Раисиҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба эълон шудани соли 2009 дар кишвар ҳамчун соли Имоми Аъзам - муассиси маҳзаби ҳанафия, ки аксари мутлақи мардуми тоҷик пайрави онанд, аз фаъолшавии мазҳабҳои «навбаромад» ҳушдор дод, ки боиси эҷоди тафриқа миёни ҷомеъа мешаванд. Оқои Раҳмон бо ишора ба ҳаводиси солҳои 90-дум таъкид дошт, ки амалкардаи чунин афрод ва гурӯҳҳои нав буд, ки кишвар ба «гирдоби даргириҳои даҳшатнок» кашида шуд.

Муносибати давлат ва дин дар Тоҷикистон дар доираи қонунҳои соҳавӣ ва Қонуни асосии кишвар танзим ва муайян шудааст. Бар пояи Қонуни асосии ин кишвар Тоҷикистон давлати дунявӣ эълом ва ҷудоии давлат аз ташкилотҳои динӣ дар қонунгузории он таъкид шудааст. Аммо зарурати таҳияи як барномаи хосе бо номи «Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин» дар чист ва ҳадафи он аз чӣ иборат аст?

Ҳикматулло Сайфуллозода, мудири маркази таҳлилии мавсум ба «Диалог» бар ин назар аст, ки муносибати давлат ва дин дар қонунгузории ҷории кишвар ва ба хусус дар Қонуни асосӣ ҳосили тавофуқоти собиқ Иттиҳоди оппозитсиюни тоҷик ва давлат аст. Вале агар имрӯз зарурат бар ислоҳоти он пеш омада бошад, он набояд дар рӯҳияи бар дӯши як гурӯҳ ва он ҳам, ба истиллоҳ, «муллоҳо» бор кардани ҳаводиси солҳои пеш сурат бигирад.

Ба эътиқоди коршиносон, давоми як-ду соли ахир давлат талош дорад, ки дар фазо ва муҳити динии кишвар назорат ва тасаллути комил дошта бошад. Зеро раванди гароиши мардуми бештар ва алалхусус ҷавонон ба дин ва масоҷид дар ин муддат бо суръат идома дорад, ки то андозае давлатро нигарон кардааст.

Аммо Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси масоили диниву сиёсӣ, мегӯяд, новобаста аз таъйини муносибати давлат ва дин дар доираи қавонин таҳия ва қабули як барномаи мукаммалу ҳаматарафаи равобити дин ва давлат дар шароити феълии кишвар зарур аст. Оқои Раҳнамо мӯътақид аст, ки сатҳи дарку фаҳмиши сиёсии ҷомеъа ва давлат дар бораи дин мутафовит аст ва он бояд дар як як санад баён шавад.

Ба ин тартиб дар соли оянда аз сӯи давлат таҳрири нави Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» қабул ва ба иҷро гузошта хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Маҷлиси намояндагони кишвар дар як соли ахир дар иртибот ба як чунин қонуни мушобеҳ, ки аз сӯи вакилони ҲНИТ дар порлумон пешниҳод шудааст, мавқеъи худро мушаххас накардааст.

Ба эътиқоди коршиносон, «Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин», яъне барномаи муносибати давлат бо дин, дар ҳоле санади мӯътабар мешавад, ки дар таҳия ва қабули он ҷомеъаи кишвар ширкат дошта бошад. Ва нашри пешнавис ва ба баррасии мардум вогузории онро коршиносон иқдоми зарурӣ ва муҳим мешуморанд.

XS
SM
MD
LG