Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари Обама ба масоъили хориҷӣ


Раисҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама мехоҳад муносиботи сардшудаи Вошингтону Маскавро беҳбуд бахшад.

Дар ин бора ӯ дар мусоҳибаи худ ба шабакаи телевизионии NBC изҳори ақида намуда, мутазаккир шуд, ки замони баргузории мулоқоташ бо президенти Русия Дмитрий Медведев ё нахуствазирӣ ин кишвар Владимир Путин танҳо баъд аз амалан ба сари қудрат расидан имконпазир хоҳад буд.

Ӯ таъкид намуд, ки беҳбуди равобит бо Русия барои Амрико аҳаммияти бузург хоҳад дошт, ҳарчанд амали Русия дар мавриди Гурҷистон мухолифи муқаррароти байнулмилалист. Амрико мехоҳад, таъкид кард ӯ, дар ҳамаи бахшҳои имконпазир, аз ҷумла манъи густариши аслиҳаи ҳастаӣ ва муборизаи саросарӣ бо терроризм, бо Русия ҳамкорӣ кунад, аммо ба Кремл бояд паёми возеҳ фиристода шавад, то тавре амал кунад ки ҳамсояҳояшро натарсонад.

Нахуствазири Русия Владимир Путин эълом намуда буд, ки кишвараш аз Барак Обама ишораҳои мусбатеро дарёфт намудааст ва он имкон медиҳад, то муносиботи миёни ду кишварро ба тавари чашмрас беҳбуд бахшад, ба хусус дар мавриди тавсиъаи паймони NАТО ва нақшаи ҷойгиршавии сипари зиддимушакӣ дар Аврупои Марказӣ. Обама ваъда дода буд, ки зарурати насби системаи зидди мушакӣ дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чехро баррасӣ хоҳад кард.

Зимни ин мусоҳибаи телевизионӣ Обама инчунин изҳор намуд, ки омода аст ба Эрон барои дасткашиданаш аз идомаи барномаи ҳастаии баҳсбарангезаш пешниҳодоти иқтисодӣ пешкаш намояд. Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури тозамунтахаби ИМА ҳушдор дод, ки, агар Теҳрон аз қатъи барномаи ҳастаӣ саркашӣ кунад, эҳтимоли афзоиши таҳримҳо вуҷуд дорад. Обама таъкид кард, ки ҳукуматаш мехоҳад бидуни миёнаравҳо бо Эрон мулоқот карда, гузинаҳои мушаххасро пешниҳод намояд ва Эрон ҳам бояд худаш тасмим бигирад, то бо кадом роҳ ин мушкил ҳал хоҳад шуд.

Дар мавриди муқобила бар терроризм дар Осиё оқои Обама бархӯрди наверо пешниҳод карданист ва пеш аз ҳама ин ваъдаи зиндагии беҳтар ба афғонҳои қашшоқ аст.

Дар робита ба сиёсати ояндааш дар нисбати Покистон Обама гуфт:

“Ман мехоҳам бо мақомоти Покистон ҳамкории стротежии самарабахш барои мубориза бо терроризмро рӯи даст бигирам. Ин ҳамкори бояд замонат диҳад, ки террористон дар баъзе минтақаҳои ҳаммарзи Покистону Афғонистон паноҳгоҳ пайдо накунанд”.
XS
SM
MD
LG