Яке аз ин таркишҳо шоми гузашта дар яке аз бозорҳои шаҳри Пешовар рух дод ва 21 нафарро ба коми марг кашид. Таркиши дуввумӣ низ дар дохили бозор, вале дар яке аз навоҳии назди шаҳри Пешовар ба амал омад. Қурбониёни таркиши дуввум 6 нафар гуфта мешавад.
То ба ҳол масъулияти ин ду таркиши маргборро ягон ҳаракат ва нерӯе бар ӯҳда нагирифтааст.