Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини ҷазо барои қочоқи "шираи камол"


Порлумони Тоҷикистон дар иҷлоси имрӯзи худ ба ду Кодекси ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии ин кишвар тағйиру иловаҳо ворид кард.

Зимни ин тағйирот аз ин ба баъд барои ҷамъоварии ғайриқонунии «шираи камол» ҷазои маъмурӣ ва ҷиноӣ пешбинӣ мешавад. Таъйини ҷазо барои ҷамъоварӣ, коркард, интиқол ва фурӯши ғайриқонунии «шираи камол» - як рустании нодири доруӣ дар қавонини Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳукумати ин кишвар сураит мегирад.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон, зимни судури фармон ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол ва содироти он ба хориҷ аз кишварро мамнӯъ эълон карда аз мақомоти зирабт ва порлумон тақозо кард, барои чунин аъмоли зараровар дар қавонини кишвар муҷозот пешбинӣ шавад. Раисиҷумҳурии Тоҷикистон идомаёбии ҷамъоварии ин рустаниро «таҳдид ба амнияти миллӣ» хонда буд.

Хадича Ҳакимова, узви кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки тарҳи иловаҳо ба Кодекси ҷазои кишварро тавзеҳ мекард, гуфт, дар пайи ин ислоҳот муҷозот алайҳи он идда аз афрод ва ширкатҳое, ки ба таври ғайриқонунӣ даст ба ҷамъоварӣ ва судури шираи камол мезананд, сангинтар хоҳад шуд. Зеро ба маҳзи набуди ҷазои муносиб дар қонунҳои Тоҷикистон солтосол миқдори ин навъи рустании нодири доруӣ, ки дар феҳристи Китоби сурх шомил шудааст, коҳиш ва ҳатто ба нестӣ мерасад.

Бештари афроде, ки даст ба гирдоварии ин рустании шифобахш ва фурӯши он задаанд, дар ҳамдастӣ бо шаҳрвандони Афғонистон амал кардаанд. Азбаски дар Тоҷикистон корхонаи дорусозӣ мавҷуд нестЮ қочоқбарон асосан шираи камолро ба харидорони хориҷӣ мефурӯхтаанд. Ва ба таъйиди коршиносон, шираи камол дар тавлиди ҳероин низ истифода мешудааст.

Бинобар маълумоти расмӣ, соли гузашта наздики 450 тонна шираи камол ҷамъоварӣ ва ба хориҷ аз Тоҷикистон содир шудааст. Ва ба таъйиди ҳамин манобеъ, дар ҳоли ҳозир як килои шираи камол то 50 доллар харидорӣ мешудааст. Аз ин рӯ дар навоҳии наздимарзии Афғонистон, аз ҷумла Кӯлоб, Фархор ва Шаҳритус, рустании камол ба таври васеъ гирдоварӣ мешавад, ки ба таъйиди манобеъи огоҳ, мавҷудияти ин гиёҳро бо хатари нобудӣ мувоҷеҳ кардааст.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадалӣ Ватанов, вакили Маҷлиси намояндагон, гуфт, ки ҳамакнун барои ҷамъоварӣ васудури бидуни иҷоза ҷазо ҳам дар қонунгузори маъмурӣ ва ҳам дар ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Камол аз гиёҳони доруӣ ва шифобахш буда, аз замонҳои қадим дар тибби халқии кишварҳои Чин, Ҳиндустону Покистон ва Осиёи Марказӣ барои тадовии анвои мухталифи беморӣ, аз ҷумла хоришак, сармохурдагӣ, захмҳои дер шифоёбанда, сил ва узвҳои нафаскашӣ, ба таври густарда истифода мешудааст. Дар Тоҷикистон 36 навъи ин рустании шифобахш ва умдатан дар манотиқи кӯҳистонӣ мавҷуд будааст.

XS
SM
MD
LG