Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии номзадҳои аъзои ҳукумати Обама


Раисҷумҳури мунтахаби ИМА Барак Обама 1-уми декабр номзадҳои воломақом дар ҳукумати ояндаи худро муаррифӣ намуд.

Тибқи интизориҳои қаблӣ,Б. Обама собиқ рақиби худ дар маъракаи интихоботии дохилиҳизбӣ ва собиқ хонуми аввали кишвар Ҳиларӣ Клинтонро ба вазифаи вазири корҳои хориҷа таъйин намуд.

Зимни як нишасти матбуъотӣ, дар шаҳри Чикаго Обама номҳои 6 узви воломақоми ҳукуматашро эълом намуда, ба вижа изҳор намуд, ки интихобаш аз тулӯъи нави пешвои Амрико ки бо чолишҳои амниятии ҷаҳони ноором рубарӯ хоҳад шуд, шаҳодат медиҳад.

“Барои комёб шудан мо бояд стротежии наверо дунбол кунем, ки тавонад мувозинатро истифода бурда, тамоми унсурҳои қудрати Амрикоро муттаҳид намояд: “Манзурам артиш, дипломатия, истихборот, иҷрои қавонин, иқтисод ва неруи намунаҳои ахлоқии кишварамон. Гурӯҳи амниятие, ки мо имрӯз онро ташкил намудем, маҳз барои анҷоми чунин стротежӣ мувофиқат мекунад”.

Дар мавриди Ҳ. Клинтон бошад Обама гуфт, ки ӯро ба хотири чанд далел баргузидааст, аз ҷумла барои хиради беҳамто ва он эътиборе, ки вай аллакай дар саросари ҷаҳон касб кардааст.
“Таъйиноти Ҳилларӣ паёмест барои ҷонибдорон ва душманони сарсупурдагии ман ҷиҳати эҳёи дипломатияи амрикоӣ ва бозсозии эътилофҳои байнулмилалии мо. Корҳои зиеде бояд анҷом шавад – назири пешгирӣ аз тавсиъаи силоҳи ҳастаии Эрону Кореияи Шимолӣ, ҷустуҷӯи сулҳи давомдор миёни Исроилу фаластиниҳо ва таҳкими ниҳодҳои байнулмилалӣ”.

Оё Обама ва Клинтон, ки ҳарду шахсиятҳои барҷастаанд, метавонанд бо муваффақият ҳамкорӣ кунанд? – суъол медиҳанд таҳлилгарон.

Профессори Донишгоҳи давлатии Ню-Йорк Роберт Спитзер мегӯяд, ки шояд Обама ва Клинтон барои анҷоми сиёсати амалии хориҷӣ беҳтарин ҳамто намебошанд. Ба ақидаи вай, Клинтон табиъати пешниҳоди ин мақоми шоистаро дарк мекунад, аммо имкон дорад собиқаи рақобати онҳо, ба вижа тафовутҳои шахсиашон, дар оянда мушкилиҳое эҷод кунад.

Спитзер ин чунин бар ин ақида аст, ки муносиботи шахсии Обама ва Клинтон аҳаммияти умда хоҳад дошт. Ҳамин тавр, мавқеъи Колин Пауэл дар ҳукумати Ҷорҷ Буш, Ворен Кристофер дар ҳукумати Бил Клинтон ва Сайрус Вансе дар ҳукумати Ҷимми картер заиф буд ва Ҳиларӣ Клинтон бояд мувозиби рух надодани чунин иттифоқ бошад.



XS
SM
MD
LG