Бар асари ин ҳамлаҳо ва даргириҳои баъдӣ дар Мумбай наздик ба 180 нафар кушта ва зиёда аз 240 нафар захмӣ шуданд. Коршиносони ҳинд ин ҳамлаи террористиро ба ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001-и Амрико шабоҳат дода, талаб мекунанд, ки аз чораҳои шадиди ҷавобӣ кор гирифта шавад. Ҳам мақомоти давлат ва ҳам аҳзоби сиёсии ин кишвар хостори таҳкими амният ва қонунгузории мамлакат дар баробари терроризм шудаанд.
Ду изҳорот дар робита ба ҳамлаҳои Мумбай тақрибан ҳамзамон садо дод. Ноиби вазири умури дохилии Ҳиндустон, Шакил Аҳмад бо итминон гуфт, ҳамаи ҳамлаварон аз Покистон вориди Ҳинд шудаанд. Ва вазири умури берунаи Амрико Кондолиза Райс аз Покистон даъват кард, дар таҳқиқи ҳодиса бо Ҳинд ҳамкории мутлақан комил ва шаффоф дошта бошад.
Райс гуфт: "Мусалламан, ин фурсатест, ки ҳама дар ҷаҳони мутамаддин ниёз ба иттиҳод доранд. На фақат барои маҳкум кардани ҳамлаҳои террористӣ, балки инчунин барои таваққӯъи қатъият дар ҷустуҷӯи сабабҳо ҳодиса ва барои мусоидат ба он ки омилони чунин ҳамлаҳо ҳатман ба ҷазо расонда шаванд."
Покистон низ ҳама гуна пайванди ниҳодҳои давлатияшро бо ҳодиса рад мекунад, вале аз эҳтимол дур намедонад, ки гурӯҳҳои муайяне, ки душмани ҳукумати Покистон низ ҳастанд, дар ҳамлаҳои Мумбай саҳм гирифта бошанд. Коршиносони ҳинд ишора мекунанд, ки Лашкари Тойиба аз тарафи хадамоти ҷосусии Покистон барои ҷанг дар Кашмир таъсис ёфта буд.
Сарвазири Ҳинд Манмоҳан Сингҳ ба пешниҳоди ҳамҳизбиёнаш ва ҳам сарони аҳзоби мухолиф ризоият дод, ки бояд чораҳои амниятӣ дар кишвар таҳким дода шаванд. Сингҳ гуфт, "дар гузашта ҳам дар Ҳинд ҳамлаҳои террористӣ рух додаанд, аммо ин ҳамла фарқ мекунад, зеро аз тарафи афроди хеле омӯзишдида ва ба дараҷаи баланд мусаллаҳ дар бузургтарин шаҳри Ҳинд ба вуқӯъ пайваст."
Аз сарвазири Ҳинд инчунин тақозо шуд, дар бораи шеваи муносибати минбаъда бо кишвари ҳамсоя -- Покистон низ барномае дошта бошад. Вале мақомоти давлат аз таҳия шудани чунин барнома ошкоро сӯҳбат накардаанд.
Покистон дар навбати худ аз Деҳлии Нав даъват кард, барои ин ҳодиса Покистонро ҳадафи ҷазо қарор надиҳад. Ҳар ду кишвар борҳо дар остонаи ҷанг будаанд ва ҳарду силоҳи ҳастаӣ доранд. Вазири умури берунаи Амрико Кондолиза Райс, ки бо дастури президент Буш як сафари ҳамраъйӣ ба Ҳинд анҷом медиҳад, эҳтимоли бӯҳрон миёни Ҳинду Покистон рад кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки ду кишвар аз ин марҳилаи душвор хоҳанд гузашт. Вале афзуд, мусалламан ҳукумати навпои Покистон дар баробари вазифаи сахте қарор дорад.
Мақомоти Ҳиндустон ҳамлаваронро ба созмони Лашкари Тайиба нисбат медиҳанд, ки дар моҳи декабри соли 2001 ба порлумони Ҳинд ҳамла карда, Ҳинду Покистонро дар остонаи ҷанги нав қарор дода буд. Аммо тарафи ҳинд дар ҳоли ҳозир барои исботи ин фарзия далелҳои раднашаванда дар даст надорад.