Дар ин бора оҷонси фазоии Амрико “Наса” хабар дод. Ҳамин тавр парвози навбатии Эндэйвер, ки 16 рӯз идома кард, ба итмом расид. Зимни ин маъмурият сарнишинони Шатл дар истгоҳи байнулмилалии фазои корҳои аз пеш тарҳрезишударо анҷом доданд.
Парвози Эндэйвер мебоист як рӯз қабл ба поён мерасид, вале бо сабаби аз кор баромадани як дастгоҳи нави истгоҳ фазои фазонавардон баъд аз машваратҳо бо маркази идораи парвозҳо маҷбур шуданд барои таъмири дастгоҳ як рӯзи бештар дар фазо боқӣ бимонанд.
Эндэйвер бо худ ба истгоҳ беш аз 8 тонна бор, аз ҷумла хурока, системаи нави тасфияи оби ифлосшуда, дастгоҳи дастшӯӣ, яхчол, ду рахти хоби нав ва дигар дастгоҳҳо оварда буд. Ҳангоме ки дар дохили истгоҳ фазонавардон бо санҷиши дастгоҳҳои нав машғул буданд, се фазонавард берун аз истгоҳ механизмеро, ки истгоҳро ба сӯи хуршед мувоҷҷеҳ мекунад, таъмир карданд.
Сандра Магнус, ки бо Эёндэвер ба истгоҳ омада буд, фазонавард Хамитовро иваз кард. Магнус дар он ҷо бо ду фазонаварди дигар - Майкл Финкл ва Юрий Лончаков то бозгашти навбатии Шатл дар феврали соли оянда боқӣ мемонад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе киштии фазоии навъи Прогреси Русия ба истгоҳи фазоии байнулмилалӣ пайваст шуд. Гуфта мешавад, ки ин кишти бо худ беш аз 5 тонна бори зарурӣ овардааст.
Нахуст Эндэйвер мебоист дар фурудгоҳи махсуси киштиҳои фазоии аёлати Флорида - димоғаи Канаверал фуруд меомад, аммо бо сабаби вазъи бади обу ҳаво дар атрофи ин фурудгоҳ ва шамоли шадид Наса ба сарнишинони шатл амр кард ба сӯи аёлати Калифорния рафта, дар пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии артиши Амрико Эвардс ба замин нишинанд.
Наса гуфтааст, ки беҳтар мебуд агар Эндэйвер дар Флорида фуруд меомад, чунки барои интиқоли киштии фазои ба ҷойи маъмулиаш беш аз як ҳафта вақт ва дастикам 1 миллиону 800 ҳазор доллар лозим хоҳад шуд.