Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои вазири умури дохилаи Ҳиндустон


Шиврай Патил
Шиврай Патил

Дар пайи ҳаводиси ахир дар шаҳри Мумбай вазири умури дохилаи Ҳиндустон Шиврай Патил ба истеъфо рафт.

Ӯ сабаби истеъфои худро “масъулияти маънавӣ” барои ҳалокати теъдоди бузурги одамон бар асари ҳамлаи гурӯҳи тундравҳо ба шаҳри Мумбай унвон намуд.

Вазорати умури дохилаи Ҳиндустон барои он мавриди танқид ва сарзаниш қарор дорад, ки аз ин ҳамла ҷилавгирӣ накард ва афроди мусаллаҳ бидуни мушкил вориди шаҳр шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, дар ҳамла ба ду меҳмонсарои бузург, истгоҳи роҳи оҳан, Маркази яҳудиён ва тарабхонаву бемористон ҳамагӣ 10 фарди мусаллаҳ ширкат карданд. Даргирӣ бо онҳо тақрибан 60 соат идома дошт. 9 тан аз ҳамлагарон кушта ва як нафари онҳо боздошт шудааст.

Тибқи иттилоъи ахир, бар асари ҳамла ба Мумбай 174 кас кушта шудаанд. Қаблан мақомот теъдоди қурбониёнро 195 нафар эълон карда буданд. Дар ин ҳаводис ҳамчунин садҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомоти Ҳиндустон фақат рӯзи шанбе дар бораи хатми амалиёти вижа алайҳи ин гурӯҳи тундрав хабар доданд ва ба тафтиши ҳодиса шурӯъ карданд. Охирин камингоҳи террористҳо дар меҳмонсарои “Тоҷмаҳал” дирӯз, 29-уми ноябр, аз байн бурда шуд.

Бегаҳи 26-уми ноябр гурӯҳи афроди мусаллаҳи ношинос сӯи мардум дар истгоҳи роҳи оҳан, меҳмонсароҳои “Тоҷмаҳал” ва “Оберой”, Маркази яҳудиён, бемористон ва тарабхона оташ кушоданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи ношиноси “Муҷоҳидони Деккон” бар дӯш гирифтааст. Бо вуҷуди ин мақомоти Ҳиндустон талош доранд ҳувияти афроди мусаллаҳ ва гурӯҳи онҳоро ошкор намоянд.

Ду рӯз пеш Пранаб Мукҳерҷӣ, вазири хориҷаи Ҳинд дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ки “баъзе унсурҳо дар Покистон масъули ҳамлаҳои террористии Мумбай мебошанд”. Аммо Аҳмад Мухтор, вазири дифоъи Покистон, даст доштани кишвараш дар ин ҳамлаҳоро комилан рад кард. Имрӯз раисҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ низ ҳамла ба Мумбайро маҳкум кард ва изҳор намуд, ки кишвараш барои кумак дар таҳқиқи ин ҳамла омода аст. Ҳамзамон ӯ аз Деҳлӣ хост, ки аз иттиҳомоти бидуни далел дар мавриди даст доштани Исломобод дар ин ҳаводис худдорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG