Дар ин робита муаллиф нақши Аҳмад Дуйсенбоевро чун ношири хушзавқ пурарзиш хондааст. Зеро тайи се сол ин ношир ва мубаллиғи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ се китоби пурмӯҳтаво ва ё, ба истилоҳ, шоҳкории адабиёти форс-тоҷикро ба хонандагони русзабон пешкаш кард. Нахуст асарҳои «Кобуснома» ва ё «Насиҳатнома», «Синдбоднома» ва «Афсонаҳо»-ро дар як китоб ва дар китоби дигар «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Баҳористон»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Тӯтинома»-и Зиёвуддини Нахшабиро ба нашр расонд.
Баъдан соли равон ба муносибати 1150-солагии устод Рӯдакӣ китоби ашъори Одамушшуароро дастраси хонандагон намуд. Муаллифи мақола менависад, ки дар ин замона, ки рафҳои мағозаҳои китоб пур аз асарҳои каммазмун асту ин мавҷ хатари аз байн бурдани фарҳанги асилро ба миён овардааст, чопи чунин китобҳои пурарзиш нишони мардонагист. Геннадий Доронин таъкид мекунад, ки барои ба нашр омода кардани китоби сеюм беҳуда шоире, ки беш аз ҳазор сол қабл зиндагӣ ва эҷод карда, поягузори адабиёти форс-тоҷик дониста шудааст, интихоб нагардидааст. Муаллифи мақолаи «Парасту умри кӯтоҳ мебинад» менависад, шоир беш аз сад ҳазор байт эҷод кардааст ва аз онҳо ҳамагӣ то ба мо ҳазор байт расидааст.
Вай мегӯяд, замоне, ки Рӯдакӣ шеър меофарид, он замон ҳоло Маскав бунёд нагардида буд, то арзи вуҷуд кардани Берлин боз як садсолаи дигар зарур буд ва дар Лондон ҳоло ягон пули сангӣ бунёд нашуда буд, Рим даврони на чандон хуберо аз сар мегузаронд ва Аврупо ҳоло ба назм чандон коре надошт. Ва Василии якум, императори Византия, ки тақрибан дар ҳамон айём ҳукмронӣ мекард, тамоман бесавод буд. Мана дар ҳамон айём Рӯдакӣ суруд андохт ва сад ҳазор байт шеър гуфт.
Ва Рӯдакӣ, тавре муаллифи мақола менависад, шеъри оламгири хешро вақте эҷод кард, ки наметавон гуфт, он замон дар Ховар бӯстони шеър бунёд гардида буд. Баръакс, тавре дар пешгуфтори китоб омадааст, то Рудакӣ шеър ва фарҳанги форсӣ, ба истилоҳ, садаҳои сукутро паси сар мекард ва адабиёт аз байн рафта буд. Ва дар ҳамин замон шеъри дилнишини Рӯдакӣ ин сукутро барафканд ва таронаҳои дилангезаш ба хурду бузург ва шоҳу гадо рӯҳнавоз буд.
Баъд муаллиф дар бораи пайдоиши шеъри форсӣ-тоҷикӣ ҳарф мезанад. Тибқи яке аз ривоятҳо, он гӯё дар замони шоҳии Баҳроми Гӯри Сосонӣ, ки дар садаи панҷум зиндагӣ кардааст, пайдо шудааст ва гӯё шоҳ чунон шефтаи ҳусни нотакрори маҳбубааш гардида будааст, ки ки якбора эҳсоси қалбашро бо шеър баён кардааст.
Бар пояи ривиояти дигар гӯё кӯдаке чун дар кӯчаҳои Самарқанд гом мезад, ногоҳ таронаи аҷиберо мешунавад, ки онро кӯдаке, ки бо бачагон бозӣ мекард, замзама менамуд. Ин кӯдаки аз таронаи ҳамсолонаш ба ваҷд омада худ беихтиёр дар бораи зебоиҳои Самарқанд рубоӣ мегӯяд ва ин кӯдак, албатта Рӯдакӣ буд, ки баъд унвони шоҳи шоирони ҷаҳонро мегирад.
Геннадий Доронин чунин мешуморад, ки ин шеърҳои Рӯдакӣ маҷбуран, яъне бо талоши бисёр арзи вуҷуд накардаанд ва он гӯё садои хушест, ки аз осмон,аз худо ба вай расида ва мавҷуди илоҳӣ будани шеърро пешиниён низ таъйид кардаанд ва, ба гуфтаи файласуфе, ҳунари муқаддас ҳамеша ба таври мутлақ бо ҳикмати илоҳӣ иртибот дорад ва вазифаи шоир ин аст, ки чизи мавҷуд набударо биофарад.
Ва Рӯдакӣ, ба навиштаи муаллифи мақолаи рӯзномаи «Казахстанская правда», ашъоре офарид, ки он саросар панду ҳикмат ва тараннуми зиндагист:
Замона панде озодвор дод маро
Замона чун нигарӣ сар ба сар ҳама панд аст.
Ва дар ҳамон айём Одамушшуаро фарҳангро беҳтарин ганҷи зиндагӣ мехонад:
Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ
ва
Дониш андар дил чароғи равшан аст
Ваз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ба навиштаи рӯзнома, ин панду андарзҳои Рӯдакӣ ва он сатрҳои дилангезу пурмазмунаш касро мафтун месозад ва ин китоби пурмӯҳтаво бо ороиши ҷолибу муқоваи хуб ба нашри воқиан нодир ва асари дӯстдоштании хонандагон табдил ёфтааст. Худи ношир Аҳмад Дуйсенбоев мегӯяд, ки осори Рӯдакӣ барин суханварони ҷаҳониро ҳар дафъа бихонӣ, маънии тозаеро пайдо мекунӣ. Оқои Дуйсенбоев дар ин робита меафзояд.
Ношир мегӯяд, чун шумо шеърҳои Рӯдакиро гаштаву баргашта ва баъди гузашти солҳо мехонед, аз он маъниҳои наву тозаеро ба худ кашф мекунед. Ман бо шеърҳои Рӯдакӣ ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ошно будам ва баъдтар низ онро борҳо хондаам. Вале ҳангоми ба нашр омода кардани осори Рӯдакӣ ҷаҳони шоирро гӯё аз нав ба худ боз кардам.
Ба ин нукта Геннадий Доронин низ дар охири мақолааш ишора мекунад ва ин рубоии машҳури устодро меоварад:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад
Не бад он чашм кандар он нигарӣ
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз то бад-он гузарӣ
Ва муаллифи мақолаи рӯзномаи «Казахстанская правда» «Парасту умри кӯтоҳ мебинад» таъкид мекунад, Рӯдакӣ чунин киштиеро сохт, ки он ҳазорҳо соли дигар то даме, ки одаму олам ҳаст, дар уқёнуси зиндагӣ шино хоҳад кард.