Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз Рӯзи шукргузорӣ


Ҳар чаҳорумин панҷшанбеи моҳи ноябр мардуми ИМА иди миллии «Рӯзи шукргузорӣ»-ро таҷлил мекунанд.

Бино бар ривоятҳо, нахустин муҳоҷирони инглис ба сарзамини Вирҷиния ва Баркли бо киштӣ омада, дар он ҷо мустақар шуданд. Соли аввал онҳо аз сармои шадид ва норасоии маводи хӯрока азият мекашиданд. Гуфта мешавад, аҳолии бумии он қаламрав ҳиндуҳои Амрико ба кӯмакашон шитофта, бо худ маводи сӯхт ва ғизои мухталиф оварданд, аз ҷумла картошка, ҷувори макка, анвоъи мухталифи лубиё ва мурғи марҷон.

Муҳоҷирони аврупоӣ аз гуруснагӣ ва марг наҷот ёфтанд ва барои ёддошти меҳрубонӣ ва лутфи ҳиндуҳо ин рӯзро ҷашн мегиранд.

Бо гузашти замон, ин ид ба маҳбубтарин иди аҳолии на танҳо Амрико, балки Канада низ мубаддал гашт ва расму оини вижаи худро касб намуд. Яке аз чунин одатҳо маъракаи авфи мурғи марҷон аз ҷониби сарвари кишвар ва паради Рӯзи шукргузорӣ мебошад.

Дар ин рӯз қариб дар ҳамаи шаҳру шаҳракҳои ИМА парадҳои ботантанаву боҳашамат баргузор мегарданд, аммо бидуни шак бузургтарин ва шавқовартарин парад дар маркази Ню-Йорк, ҷазираи Манҳеттен доир мегардад. Барои дидани ин парад сайёҳон аз саросари дунё ва дигар иёлатҳои Амрико ба Манҳеттен меоянд. Парад дар кӯчаи 77-ум, дар назди боғи марказии Манҳеттен оғоз шуда, ширкаткунандагон, аз ҷумла, ситораҳои дараҷаи аввали эстрадаи кишвар бо хиёбони Бродвэй то кӯчаи 34-ум ҳаракат мекунанд. Дар пеши назари тамошобинон Гуфи, МакДак, Скуби ду, масхарабоз Макдонал, Микки Маус ва дигар қаҳрамонони мултфилму филмҳои мухталифи бачагона бо суруду овозхонӣ қадам мезананд, муҷассамаҳои ҳавоии ин қаҳрамонон дар фазо парвоз мекунанд, оркестрҳои асбобҳои нафасӣ бо якдигар сабқат меварзанд.

Дар Рӯзи шукргузорӣ дар саросари Амрико мардум сари дастархони пурнозу неъмат нишаста, як бори дигар он ҳиндуҳои раҳмдилро ёдовар мешаванд. Дар ИМА Рӯзи сипосгузорӣ иди миллист ва аҳолии кишвар чаҳор рӯз таътил хоҳанд кард. Одатан дар ин руз мардум ба аёдати хешу наздикон мераванд ва ба ҳамин хотир дар баробари ҷашни мавлуди ҳазрати Масеҳ ё Кристмас, рӯзи сипосгузорӣ дӯстдоштарин иди Амрико маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG