Дар ин хусус вазири молияи Амрико Ҳенрӣ Паулсон изҳори ақида намуда гуфт, ки ҳатто Амрико ҳам мувоҷеҳи ин буҳрон шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Паулсон даъват мекунад, ки барои пешгирӣ аз такрорӣ фоҷиъа набояд муқарароти беш аз ҳад эъмол шавад.
Изҳороти Паулсон замоне садо дод, ки сарварони кишварҳои ҷаҳон ҳафтаи гузашта зимни ҳамоиши изтирории иқтисодӣ дар Вошингтон таъаҳҳуд карданд, ки раванди бозбинии низоми молӣ ҷаҳонро аз сар бигиранд.
Дар ҳоле ки баргузории ҳамоиши навбатӣ ба баҳори оянда тарҳрезӣ шудааст, вазифаи муайян кардани ҷузъиёти ин таклифи мушкил бар дӯши ҳукумати нави раисҷумҳури ояндаи Амрико Барак Обама ва вазири молияи ӯ вогузор хоҳад шуд.
Паулсон як сабаби буҳронро дар ихтилоф миёни ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва маҳаллӣ боқӣ мондани қоидаҳои бозӣ мебинад: “Мо эътироф мекунем, ки ниҳодҳои молии кишварамон ва бозорҳоямон ҷаҳониянд, аммо муқаррароти танзимкунандаи мо дохилист. Бино бар ин бояд роҳҳои беҳтарини ҳамкорӣ ва табодули иттилоъотро озмуда, ба рушди низоми босуботи молии ҷаҳон мусоъидат кунем".
Ҳенрӣ Паулсон, ки ҳамроҳ бо ҳукумати раисҷумҳури кунунии Амрико Ҷорҷ Буш 20-уми январи соли оянда аз мақомаш меравад, таъкид намуд, ки чанд омил сабаби сар задани буҳрон шудааст. Аз ҷумла, зикр кард ӯ, бефаъъолиятии ҳукумат, гомҳои иштибоҳии он, шеваи танзими низоми молии куҳнашудаи ИМА ва тамоми ҷаҳон, даст задани ниҳодҳои молӣ ба амалҳои молии беш аз андоза хатарнок аз ин омилҳо мебошанд.
Ҳ. Паулсон ҳушдор дод, ки ИМА ва дигар кишварҳо бояд аз эъмоли тадбирҳои беш аз андоза сангини муқарраротӣ худдорӣ кунанд.
Ҳангоми суханрониаш дар иёлати Калифорниё вай ба вижа гуфт: “Агар мо сабабҳои буҳронро дуруст муайян накунем, ва баракс саросемавор кӯшиш кунем муқарароти бештар ҷорӣ шавад, дар дарозмуддат имкон дорад гомҳои мо зиёновар бошанд”.
Паулсон бовар дорад, ки ҳукумати Буш барои пешгирӣ аз фурӯпошии бозорӣ ҷаҳонӣ гомҳои зарурӣ мебардорад, аммо барои бозгашти бозорҳо ва низоми бонкӣ ба ҳоли муқаррарӣ фурсати бештар лозим аст.