Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Б. Обама ва Ҷ. Маккейн


Собиқ рақибон дар маъракаи интихоботи ахири ИМА Барак Обама ва Ҷон Маккейн барои муҳокимаи дурнамои ҳамкориашон мулоқот намуданд.

Ин нахустин мулоқоти онҳо баъди пирӯзии Б. Обама дар интихобот аст ва дар дафтари раисҷумҳури мунтахаб дар шаҳри Чикаго баргузор гардид.

Гуфта мешавад, рақибони собиқ дар мавзӯъҳои коҳиши масрафҳои давлатӣ, ташвиқи ҳамкории байниҳизбӣ ва роҳҳои беҳбуддиҳии фаъъолияти ҳукумат машварату баҳс намуданд.

Дар посух ба суъоле, ки оё Маккейн ба Обама дар фаъъолияти раҳбарияш мусоъидат хоҳад кард ё хайр сенатори Аризона гуфт, ки ин як чизе маъмулист.

Баъд аз анҷоми ин мулоқот Обама ва Маккейн баёнияи муштарак интишор намуданд. Дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад: “Дар ин замони ҳалкунандаи таърих мо бовар дорем, ки амрикоиҳо аз тамоми аҳзоб мехоҳанд, то сарварони аҳзобашон муттаҳид шуда, анъанаҳои зишти Вошингтонро тавре ислоҳ кунанд, ки тавонанд роҳи ҳалли мушкилиҳои умумӣ ва фаврии замони имрӯзаро пайдо кунанд”.

Дар баёния инчунин омадааст, ки замони нави ислоҳот дар ҳукумат фаро расидааст ва барои шукуфоии кишвару додани имконоти бештар ба ҳар як шаҳрванди заҳматкаши он боварии байниҳизбӣ барқарор гардад. Тарафайн изҳори умедворӣ намудаанд, ки ҷиҳати баромадан аз буҳрони молӣ, бахшидани такони мусбат ба иқтисод ва таъмини амнияти кишвар дар оянда ҳамкории наздик хоҳанд кард.

Зимни маъракаи интихоботи Обама ва Маккейн перомуни молиёт, ҷанг дар Ироқ ва роҳҳои солим кардани иқтисоди маризшуда мавқеъи якдигарро интиқод мекарданд. Аммо шаби эълони натиҷаҳои раъйдиҳӣ Маккейн дар нутқаш Обмаро ба ҳайси нахустин сарвари сиёҳпӯсти Амрико табрик намуда, пирӯзии ӯро куллан эътироф намуд.

Бо вуҷуди мулоқоти самимӣ, мушовирони Обама мутазаккир шуданд, ки фикр намекунанд раисҷумҳури мунтахаб баъд аз савгандёдкунӣ дар таърихи 20-уми январи соли оянда ба Маккейн ягон мақомеро дар ҳукуматаш пешниҳод кунад.

Дар нахустин мусоҳибаи телевизиониаш дар мақоми раисҷумҳури мунтахаб Барак Обама гуфт, ки яке аз бузургтарин омили нигаронкунанда дар солҳои наздик касри даромади буҷаи федералӣ хоҳад буд. Ӯ даъват намуд, ки хосса ба саноъати мошинсозии кишвар ёрии таъҷилӣ расонида шавад.

Зимни ин мусоҳиба, Обама бори дигар тасдиқ намуд, мехоҳад мутмаъин шавад, ки ИМА дар оянда ягон боздоштшударо мавриди шиканҷа қарор намедиҳад. Б. Обама ҳамчунин эълом намуд, ки қасд дорад боздоштгоҳи Гуантанаморо бандад.

Обама изҳор намуд, ки баъди ба Кохи сафед омаданаш бо гурӯҳи амниятӣ ва низомиён барои коҳиши теъдоди артиши ИМА дар Ироқ, таҳкими амнияти Афғонистон ва нобуд кардани “ал-Қоъида” ҳамкории наздик хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG