Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави G20 барои раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ


Нишасти дурӯзаи сарони 20 кишвари бузурги пешрафтаи ҷаҳон дар Вошингтон бо тасвиби як эъломияи муштарак ба поён расид.

Дар ин эъломия кишварҳои зидахл тааҳҳуд супурдаанд, ки ба хотири ҷилавгирии низоми молии дунё аз хатари фурӯпошӣ тамоми талоши лозимро ба харҷ хоҳанд дод.

Раҳбарони 20 кишвари умдаи ҷаҳон ҳамчунин ҷиҳати иттихози як силсила тадобир бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз бурузи бӯҳронҳои оянда ва эҳёи иқтисоди ҷаҳон, ки дар пайи ба вартаи бӯҳрон фурӯ рафтани бозори манзили Амрико дар авоили тирамоҳи соли ҷорӣ рӯ ба пасрафт овардааст, ваъда супурданд. Дар баёнияи муштараки нишасти G 20 гуфта мешавад: “Мо бояд ба хотири ахзи итминон, ки бӯҳронҳое, мисли бӯҳрони кунунӣ, дубора пеш нахоҳанд омад, заминаро барои ислоҳот муҳайё кунем.”

G 20 ҳамчунин роҷеъ ба ислоҳи ниҳодҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул, тавофуқ бастанд, то ин ниҳодҳо дар амри кӯмак ба кишварҳои дар ҳоли рушд дар муқобили тӯфонҳои иқтисодӣ салоҳият ва тавоноии бештар дар ихтиёр дошта бошанд.

“Талошҳои қотеъона” ва куллия тадобири лозим ба хотири наҷоти низоми молӣ ва истифода аз тадобири молиётӣ ба хотири ташвиқи талаботи дохилӣ аз ҷумла иқдомоти оҷилест, ки нишасти Вошингтон пешниҳод мекунад.

Мизбони ин ҳамоиш – раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ҷараёни баҳсҳоро дар маҷмӯъ “пурсамар ва муваффақиятомез” унвон кард ва гуфт, дар ин нишаст “тавофуқоти чашмгире” ба даст омадааст. Буш афзуд, раҳбарони 20 иқтисоди бузургтарини дунё ба қоидаҳои идораи дасткориву фиреби бозорӣ бо як нигоҳи тоза назар хоҳанд кард ва ҳама мувофиқанд, ки қоидаҳои феълии бозӣ дар саҳнаҳои молӣ кӯҳна шуда ва аз кор мондаанд: “Як тавофуқи калидии бадастомада таҳияи принсипҳои дақиқ ва иттихози иқдомоти дақиқ ба хотири ба воқеъиятҳои асри 21 мутобиқ кардани низомҳои молии мо буд.”

Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ, ки кишвараш раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад, гуфт, Аврупо дар амри дифоъ аз ҳадафҳояш дар ин нишаст иттифоқи оро нишон дод. Саркозӣ ба ҳам омадан ва бар сари як барномаи муштараки амал тавофуқ бастани кишварҳоеро, ки манофеъи мухталиферо дунбол мекунанд, рӯйдоди таърихӣ номид.

Сарвазири Бритониё Гордон Браун низ нишасти Вошинтонро “таърихӣ” унвон кард ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, аз натоиҷи бадастомада дар пойтахти Амрико “ба таври ғайриоддӣ розист.”

Дар ин ҳамоиш раисиҷумҳури ояндаи Амрико Барак Обама ҳузур надошт. Аз ӯ ду фиристодааш, бо шумули вазири пешини умури хориҷии Амрико Мадлен Олбрайт намояндагӣ мекарданд.

Аммо президенти феълии Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, Обама аз ин ҳама баҳсҳо пурра дар ҷараён қарор дорад ва аз таҳаввулоти лозим дар давраи гузор пуштибонӣ мекунад.

Қарор шуда, ки то нишасти навбатии раҳбарони ҷаҳон, ки моҳи апрели соли оянда даъват хоҳад шуд, вузарои дороии кишварҳои дахил бояд 5 табдири бузургеро, ки ба бовари раҳбарон, ислоҳи инқилобии равобити моливу иқтисодии ҷаҳонро дар пай хоҳад овард, такмил кунанд.

Ин 5 тадбири инқилобӣ тақвияти шаффофияту масъулият, беҳбуди мизони танзими бозор, пешбурди равандаи ҳамоиши бозорҳои молӣ, ташвиқи бештари ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ислоҳи ниҳодҳои байналмилалии молиро дар бар мегирад.

Дар нишасти G 20 дар Вошингтон кишварҳои аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи дунё, аз ҷумла Амрикову Ҷопон ва Иттиҳодияи Аврупо, ва ҳамчунин қудратҳои бузурги дар ҳоли рушд, ба мисли Чину Ҳинд, Русияву Индонезӣ, Туркияву Саудӣ ва Мексикаву Бразилия ширкат доштанд.

Ҳудуди 90 дарсади тавлидоти нохолиси миллии дунё, ё худ қариб 90 дарсади маҷмӯъи тавлидот ва арзаи хадамот дар ҷаҳони муосирро маҳз кишварҳои узви гурӯҳи G 20 тавлид мекунанд.

XS
SM
MD
LG