Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаи фаҷеъ бо духтарон дар Қандаҳор


Дар Қандаҳори Афғонистон 15 духтари мактабхони маҳаллӣ субҳи 12 ноябр баъди ба рӯи онҳо пошида шудани моеи ишқор аз ҷониби гурӯҳи ҳамлагаре бо ҷароҳатҳои мухталиф ба беморхона интиқол ёфтанд. Дар ин ҳодиса, чанд марди савори мототсикл ба мактаби миёнае наздик шуда, ба рӯи духтарҳои бурқапӯш ишқор ё моеи кимиёии сиркомонандро рехтаанд, ки хосияти сӯзондани пӯстро дорад. Аз миёни 15 нафари ҷароҳатдида се духтар бо ҳолати вазнин дар бемористони Қандаҳор бистарӣ шуданд. Яке аз шоҳидони ин ҳодиса духтари 16-солае бо исми Отифа буд, ки асли ҳодисаро чунин тавзеҳ дод:

"Як шишаи сиёҳ буд, ки дастаи сурх дошт. Вақте ки ин шишаро бо даст фишор доданд, ишқор ба рӯи мо парид ва баъд ҳама духтарҳо фирор карданд. Ин дар кӯчаи воқеъ дар наздикии мактаби мо шуд. Онҳо ба рӯи шумори зиёди духтарҳо ишқор пошиданд: духтари аммаи ман, духтари амаки ман он ҷо буданд. Дар натиҷа, чодарии онҳо, ки рӯро мепӯшонад, сӯхт, аммо хушбахтона ба чеҳраҳои онҳо зиён нарасид. Як теъдод мардҳо дар чор тарафи атроф буданд, аммо онҳо танҳо мушоҳида мекарданд ва чизе намегуфтанд. Ман баъди ин ба сӯи хона давидам".

Сухангӯи Вазорати омӯзишу парвариши Афғонистон Ҳомиди Илмӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори Франс-Пресс гуфт, ки ҳодисаи мазкур дар беруни мактаби духтарони Мирвайс Никои Қандаҳор дар соатҳои тақрибан ҳашти субҳ рӯй дод. Оқои Илмӣ гуфт, ки ҳама духтарҳо бурқа ба бар карда буданд ва рӯи онҳо аз чашми номаҳрам пӯшида буд. Бархе ҳамлагарон на бо шиша, балки бо таппончаи бозичагии обпош ба рӯи духтарҳои мактабхон ишқор рехтаанд. Модари Отифа, ки духтари дигараш Шамсия низ дар миёни зарардидаҳои ин ҳодиса ба шифохона интиқол ёфтааст, гуфт, ин амал паёмадҳои нохуб хоҳад дошт. Вай гуфт:

"Ба ин тартиб, имрӯз ҳеҷ кас ба мактаб намеравад. Вақте мардум ҳодисаи имрӯзаро мебинанд, ҳеҷ кас дигар кӯдаки худро ба мактаб намефиристад. Оё шумо ин ҳодисаро дида бачаи худро ба мактаб мемонед? Падарҳо, модарҳо бесаводанд, чаро фарзандони мо бесавод монанд?".

Ҳарчанд то ин лаҳзаҳо ҳеҷ кас ё гурӯҳе масъулияти анҷоми ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, аммо ба бовари аксар ин кор шабеҳи ҳамлаҳоест, ки дар гузашта Толибон ва ситезаҷӯёни исломӣ анҷом додаанд. Дар аҳди ҳукмронии Толибон дар миёни солҳои 1999 то 2001 дар сартосари Афғонистон таҳсил ва кори занону духтарон манъ шуда буд ва садҳо мактабҳо бо ҳазорҳо муаллимону толибон баъди ин мавриди ҳамла ва қатлу куштор қарор гирифтанд. Имрӯз ҳам, ки вазъи ин кишвар муташанниҷ боқӣ мемонад, вилояти Қандаҳор ҳамоно чун як паноҳгоҳи гурӯҳҳои ситезаҷӯи Толибон хизмат мекунад. Бо ин ҳодиса, аксар волидон, мисли модари Отифа, ки орзу доштанд ҳадди аққал барои фарзандони худ ҳаёти шоистаро фароҳам оваранд, аз ояндаи азизонашон бештар ноумед мешаванд.


XS
SM
MD
LG