Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бруссел ва Маскав музокиротро аз сар мегиранд


Комиссиюни Аврупо рӯзи душанбе гуфт, ки омода аст музокиротро барои роҳандозии ҳамкориҳои стратегӣ бо Русия дубора аз сар гирад.

Шоми душанбе раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ гуфт, ки ба ҷуз як кишвар (Литва) кулли аъзои Иттиҳодияи Аврупо аз тасмими азсаргирии музокироти ин ниҳод бо Русия бар сари паймони ҳамкорӣ мувофиқат карданд.

Комиссари равобити берунаи Комиссиюни Аврупо Бенита Ферреро-Валднер дар нишасти вазирони хориҷа дар Бруссел гуфт: "роҳи хубе барои идомаи музокирот пайдо шудааст". Вай афзуд, ки ҳарчанд таърихи дақиқи шурӯъи дубораи ин музокирот таъйин нашудааст, аммо он бояд баъди 18 ноябр дар паи баррасӣ шудани мавзӯи ҷанги Осетияи Ҷанубӣ дар Женева мушаххас шавад. Вай афзуд:

"Изҳороти президенти Иттиҳодияи Аврупо ба таври мушаххас мавқеъи Комиссиюни Аврупоро роҷеъ ба идомаи музокираҳо пуштибонӣ мекунад. Ин музокираҳо то ҳол мутаваққиф шуда буд ва ҳоло фурсати муносиб аст, ки он дубора аз сар гирифта шавад".

Дар айни замон хонум Валднер эътироф кард, ки чаҳорчӯби ҳамкориҳои нав бознигарӣ шавад, бо назардошти ин ки мавқеи Иттиҳодияи Аврупо ба қавли вай хеле қавӣ аст ва ин аст, ки амалкарди Русия дар Гурҷистон ғайри қобили қабул аст. Вай дар идома гуфт:

"Мо медонем, ки равобити мо амиқ ва бисёртарафа аст. Мо аз ҳамдигар вобаста ҳастем ва дар айни замон хеле муҳим аст, ки созмишномаҳои мо таҳрир хӯранд, масалан шумо медонед, ки дар масъалаи амнияти энержӣ бояд ин корро кунем. Хеле муҳим аст, ки ба пеш ҳаракат кунем, чунки мо фикр мекунем ин чиз ба манфиати Иттиҳодияи Аврупо аст".

Ин нишаст, мисле ки дар оғоз гуфта мешуд, осон нагузашт: соатҳои анҷоми ин нишаст Литва батакрор гуфт, ки мухолифи азсаргирии музокираҳо бо Русия мебошад. Масъала ин аст, ки аз оғоз дар миёни Фаронса ва Литва дар масъалаи арзёбии нақши Русия дар даргириҳои мусаллаҳонаи августи имсол бо Гурҷистон ихтилофи назар мавҷуд ва Литва комилан хилофи мавзеи нарми Париж дар баробари Маскав буд. Аммо Ҳавер Солана раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки вай ҷонибдори дар як чаҳорчӯби ҳуқуқӣ танзим шудани равобити Бруссел бо Маскав аст.

Моҳи сентябр Иттиҳодияи Аврупо ба нишони эътироз аз амалиёти мусаллаҳонаи Маскав дар Гурҷистон, ки моҳи август пеш омад, ҷараёни музокираҳоро бо Русия мутаваққиф кард. Раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупо - Фаронса хоҳони он аст, ки дар пешорӯи саммити Иттиҳодияи Аврупову Русия, ки 14 сентябр дар Нитса баргузор шавад, равобити ду тараф пурра барқарор шавад.

Рӯзи 7 ноябр Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳурии Фаронса дар Бруссел гуфт, ки Маскав ҳама тааҳҳудоташро мутобиқи паймони сулҳи Саркозӣ-Медведев ба иҷро расонида кулли нирӯҳояшро ба мавқеъҳои қабл аз бурузи даргириҳо баргардонидааст. Дар муқобил бо пуштибонии Лаҳистон - Литва қарор гирифт ва гуфт, ки Маскав шартҳои оташбасро пурра ба иҷро нарасондааст, чунки баъди даргириҳои мусаллаҳонаи Маскаву Тифлис дар хоки Осетияи Ҷанубӣ, артиши Русия дар манотиқи баҳсбарангези Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ боқӣ мемонанд.

Аммо бо вуҷуди чунин мухолифатҳои шадидашон, ба назар мерасад, ки аз дасти Литваву Полша кори каме меояд, чунки ҳеҷ як узви Иттиҳодияи Аврупо қарори Комиссиюни Аврупоро барои азсаргирии музокирот бо Русия вето карда наметавонад. Вилнюсу Варшава гуфтаанд, ки онҳо дар нишасти вазирони хориҷа талош хоҳанд кард, аҳли нишастро ба пайдо кардани роҳҳали дигаре дар ин масъала даъват кунанд.

Дар айни замон гуфта мешавад, ки дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, ки ҷонибдори азсаргирии равобит бо Маскав ҳастанд, аз эҳтиёт кор мегиранд. Вазири хориҷаи Люксембург Жан Асселборн гуфт:

"Бо азсаргирии музокирот бар сари Паймони ҳамкорӣ бо Русия мо коре намекунем, ки танҳо ба манфиати ин кишвар бошад. Хости мо чист? Мо мехоҳем, ки равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Русия вориди як чаҳорчӯби қонунӣ шавад. Ва аз ҳамин сабаб, мо набояд фақат ин гуфтугӯҳоро масдуд кунему бас, чунки бо ин амал мо худи мафҳуми аҳдномаи ҳамкориро пеши по мезанем".

Музокироҳое, ки бояд миёни Русияву Бруссел дубора барқарор шавад, ҳамкориҳои Маскавро бо Иттиҳодияи Аврупо дар риштаи иқтисодӣ аз ҷумла дар энержӣ, масоили сиёсӣ ва тиҷоратӣ дар назар мегирад.

XS
SM
MD
LG